Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду журналисти ӯзбактабор дар Қирғизистон


Созмони Хабарнигорони бидуни марз имрӯз аз ҳабси ду журналисти ӯзбактабор бо иттиҳоми ширкат дар хушунатҳои ҷануби Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, сардабири нашрияи мустақили "Дидор", Улуғбек Абдусаломов ба ширкат дар даргириҳо ва хабарнигори торнамои "Ҳуқуқ барои ҳама", Азимҷон Аскаров, ба ангехтани низои байниқавмӣ айбдор шудаанд. Созмони Хабарнигорони бидуни марз дар бораи зарбулат ва шиканҷаи онҳо дар боздоштгоҳ иттилоъ ёфта, аз мақомоти Қирғизистон талаб кардааст, ба парвандаи онҳо расидагӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, созмони Афви Байнулмилал ҳарду журналистро маҳбуси сиёсӣ унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG