Пайвандҳои дастрасӣ

Бозор Собир: Ҳеҷ шоир баробари Саидқул шеър намедонад


Саидқул Билолов овозхони мардумии Тоҷикистон дар соли 1963, замоне, ки ҳамагӣ 12 сол дошт, фаъолияти овозхонии худро шурӯъ кард. Ӯ феълан аз муваффақтарин оҳангсозон ва хонандагони муосири тоҷик аст, ҳарчанд худро ситора намедонад.

Саидқул Билолов аз аввалин хатмкардаҳои мактаби мусиқии Малика Собирова мебошад. Ӯ баъдан ба Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ворид шуд ва дар соли 1976 онро ба итмом расонд. Замоне дар ин донишкада ба унвони устод низ тадрис кардааст.

Ӯ бештар аз сесад оҳанг офаридааст ва аксари таронаҳояш бар ашъори шоири маъруф Бозор Собир суруда шудааст.

Саидқул Билолов аз соли 1989 то кунун узви дастаи ҳунарии «Дарё» ва феълан раҳбари он мебошад. Ӯ як навбат вакили Маҷлиси намояндагон ва узви кумитаи фарҳанг дар порлумон низ буд, аммо ҳаргиз аз овозхонӣ ва ҳунар канор нарафт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG