Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли эҳёи парвозҳо байни Русия ва Гурҷистон


Як ширкати хусусии ҳавонавардии Русия парвозҳои байни Русия ва Гурҷистонро аз сар гирифт. Ширкати Си-7 имрӯз хабар дод, ки муассисаи федероли Россавиатсия ба ин ширкат иҷоза дод, парвозҳо байни Русия ва Гурҷистонро идома диҳад. Аммо таърихи эҳёи парвозҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст. Равобити ҳавоӣ байни ду кишвар пас аз ҷанги кӯтоҳи байни онҳо дар моҳи августи соли 2008 қатъ гашта буд. Он вақт нерӯҳои Русия ба дунболи талоши Тифлис ба ишғоли Осетияи Ҷанубӣ ба Гурҷистон ҳамла карданд ва нерӯҳои онро шикаст доданд.
XS
SM
MD
LG