Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти "чаҳоргона" дар мавриди терроризм ва мухаддирот


Сарони Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар поёни нишаст дар шаҳри Сочӣ дар мавриди таҳкими мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухадир изҳороти муштарак қабул карданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар нишасти хабарӣ ба думболи нишаст изҳор намуд, ки Дмитрий Медведев, Осиф Алӣ Зардорӣ, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон сари масоили марбут ба вазъи Афғонистон, муқовимат бо таҳдиди терроризму қочоқи маводи мухадир ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ тамаркуз карданд.

Медведев: Посух ба таҳдид бояд дастаҷамъона бошад


Дар ифтитоҳи нишаст Дмитрий Медведев изҳор намуд, “посух ба таҳдиди маводи мухаддир на ҷудогона, балки бояд дастҷамъона бошад. Ин мушкилро Афғонистон наметавонад дар танҳоӣ ҳал намояд, онро на Русия тавони ҳал кардан надорад ва на ягон кишвари дигар. Ин мушкили умумист ва мо бояд ҳамроҳ амал кунем”.

Раисиҷумҳури Русия ба мавзӯъи муқовимати муштарак ба терроризму ифротгароӣ низ рӯ овард ва гуфт, ки ба талошҳо дар ин самт арҷ мегузорад, ҳарчанд баъзе масъалаҳои муҳим ва амалӣ дар ин бахш боқӣ мондаанд. Дмитрий Медведев ишора кард, ки мулоқоти чаҳоргона сарони Русия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон бори дуввум доир мешавад – нишасти аввалӣ соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Сарвари Русия изҳор намуд, ки нишасти чаҳоргона - формати хуби минтақаист ва машваратҳо миёни кишварҳо ҳарчӣ бештар сурат бигиранд, ҳамон қадар беҳтар аст.

Ниёз ба ҷабҳаи нав


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод намуд, ки як санади муштарак дар мавриди мубориза бо терроризм имзо шавад. Ба гуфтаи ӯ, “чаҳор кишвар дар таъмини амният ва рушди устувори минтақа саҳми муҳим доранд”. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “таҳдиди терроризми байнулмилалӣ барои ҳама кишварҳои олам воқеъист ва талошҳои муштаракро тақозо мекунад ”. Сарвари Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки “ҷабҳаи дастаҷамъонаи мубориза бо терроризм ва аз байн бурдани манобеъ ва омилҳои рушди терроризм таъсис карда шавад. Сабабҳои пайдо шудани терроризм, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, барои ҳама маълуманд ва бо фақр, бекорӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ бастагӣ доранд.

Кобул боз рӯ ба Маскав меоварад?

Хабаргузориҳои ғарбӣ навиштаанд, раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ду даҳсола баъд аз хатми ҷанги фалокатбор, ки бар асари он тақрибан 15 ҳазор афсарону сарбозони шӯравӣ кушта шуданд, дубора хостори кӯмаки Маскав шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, Русия мехоҳад нуфузи худро дар Афғонистон афзоиш диҳад ва ба ин хотир талош дорад, ки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро низ ба ҳалли қазияи Афғонистон ҷалб намояд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, баъд аз анҷоми нишаст гуфт, ки сарони чаҳор кишвар омодагии худро барои мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухадир, аз ҷумла, бо ҷалби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор кардаанд. Ӯ афзуд, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ пайваста амалиёти “Канал”-ро доир мекунад, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухадири Афғонистон ба Осиёи Марказӣ, Русия ва Аврупост.

Хаёли хуб, вале амри маҳол аст...


Павел Фелгенгауэр ҷалби Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба ҳалли мушкилоти Афғонистонро номуаасир мехонад, зеро, ба гуфтаи ӯ, Паймони НАТО ин созмонро қабул надорад ва бо он ҳамкорие ба роҳ монданӣ нест. Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бошад, аз нигоҳи ҳамсӯҳбати мо, фақат метавонад дар нишастҳо бахшида ҳалли қазияи Афғонистон ширкат кунад ваё кумаки молие ба Афғонистон кунад. Ва на аз ин беш. Павел Фелгенгауэр меафзояд, ки “имкони ширкат дар ҳалли қазия ҳаст ва аммо чӣ гуна ширкат? Ҳамчун миёнарав миёни Карзай ва Толибон? Ва аммо на кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой , на аъзои Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ бо Толибон ягон хел робита надоранд”.

Конгресс чархболҳои русиро харидорӣ намекунад?

Дар нишасти Сочӣ мавзӯъи имкони фурӯши чархболҳои МИ-17-и Русия ба Афғонистон низ баррасӣ шуд. Маскав бори дигар эълом дошт, ки мехоҳад ҳудуди сад чунин чархболро бо таҷчизоти низомӣ дар ихтиёри Афғонистон гузорад. Аз ин пеш Русия бо Кобул дар ин бора музокирот карда ва НАТО-ро ҳам дар ҷараён гузошта буд. Вале Павел Фелгенгауэр иҷрои ин тарҳро низ зери суол мебарад, зеро ба гуфтаи ӯ, “маблағи чархболҳоро на Брюссел, балки ИМА пардохт мекунад ва аммо гумон аст Конгресс барои харидории чархболҳои Русия мувофиқ бошад”.

Қабл аз нишасти “чаҳоргона” Дмитрий Медведев бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот кард. Интизор меравад, ки ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам алоҳида сӯҳбат кунад.
Дар поёни нишасти Сочӣ тасмим гирифта шуд, ки мулоқоти навбатии “чаҳоргона” дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG