Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси донишгоҳ: Вазорати маорифро ба додгоҳ мекашем


Вазорати маорифи Тоҷикистон ба муроҷиатномаи намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе дар бораи аз байн бурдани муҷаввизи Донишгоҳи навовариҳои фаннӣ ва иртибототи Тоҷикистон посух додааст. 16-ӯми августи соли ҷорӣ як силсила сафоратхонаҳои хориҷӣ чунин дархостро ба вазорат фиристода буданд. Вазорат дар посухи худ гуфтааст, муҷаввизи ин донишгоҳро на вазорат, балки додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе лағв кардааст. Аммо Садриддин Акрамов-раиси донишгоҳ гуфтааст, вазоратро ба додгоҳ мекашад:

"Фикр мекунам, ки аз рӯи шартномае, ки дорем, вазорати маорифро ба суд мекашем. Вақте, ки донишгоҳро ба пуррагӣ мебандад, мо хароҷот ва сармоягузориҳоере, ки кардаем, дар маҳкама барассӣ мекунем".

Аммо вазорат мегӯяд, дар Тоҷикистон барои баъзе фаъолиятҳо тибқи Қонуни Асосии Тоҷикистон бояд муҷаввиз мавҷуд бошад ва ин моддаи қонун як ҷо бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ таҳия шудааст. Вазорат афзудааст, ҳамаи донишҷӯёни ин донишгоҳ метавонанд таҳсили худро дар донишгоҳҳои дигар идома диҳанд ва устодони донишгоҳ низ бо кор таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG