Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонгирӣ дар сафорати Туркия дар Исроил


Полиси Туркия мардеро боздошт кард, ки дар сафоратхонаи Туркия дар Тел Авив чандин нафарро гаравгон гирифта, хостори паноҳгоҳи сиёсӣ дар Туркия шудааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Исроил мегӯяд, ин шахс Надим Инҷоз, фаластиние аз шаҳри Ромуллоҳи Каронаи Бохтарист. Мақомоти Туркия мегӯянд, Инҷоз, ки корду туфанчагчаи бозичаӣ ва зарфе бо бензин дар даст дошт, кормандони сафоратро гаравгон гирифт ва талаб кард, ки ба ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ дода шавад. Ба қавли полиси исроилӣ, Инҷоз ахиран аз маҳбас озод шудааст. Вай барои ҳамла ба сафорати Бритониё бо талаби паноҳгоҳи сиёсӣ дар соли 2006 зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG