Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукиҳо дар сафари амрикоиён ба Куба


Ҳукумати раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, бино бар хабарҳо аввалин бор дар 50 соли охир масъалаи сабукӣ дар сафари шаҳрвандони Амрико ба Кубаро баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, ин тасмим таҳрими тиҷорат бо Кубаро халалдор нахоҳад кард, аммо ба донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон имкон медиҳад, аз Куба дидан кунанд. Соли гузашта Обама маҳдудияти ирсоли пул аз Амрико ба Кубаро лағв карда буд. Кохи Сафед ба ин бовар аст, ки чораҳои мазкур ба ислоҳот дар кишвари коммунистӣ мусоидат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG