Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи рассомони амрикоӣ дар Душанбе


«Васфи маҳбуб» унвони як тасвири минётурии лаҳзаи ошиқонаест, ки шоир бо дидани маҳбуба илҳом гирифтаву чакома месарояд. Ин манзараро як рассоми эронитабори амрикоӣ ба тасвир кашидааст, ки дар як намоишгоҳ дар сафорати Амрико гузошта шудааст.

Рассом образи шоири ошиқро дар пои девори манзили маъшуқаш бо як нафосату санъати баланд офаридааст, ки бо ҳоли ҳазину парешон интизори дидани қомати мавзуни маҳбубааш мебошад.

Фарҳанги ошно

Кеннет Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон, ки оё чаро маҳз асарҳои рассомони эрониро ба Тоҷикистон овардааст, гуфт:

«Мо ба хотири он асарҳои рассомони бузурги амрикоии табааи эрониро интихоб кардаем, ки асарҳои онҳо ва доираи тахайюлоти онҳо барои мардуми тоҷик наздику ошно ва фаҳмо мебошад».

Ҷаноби сафир афзуд, ки ҳадафи мо аз ин барномаи фарҳангӣ, ки «Санъат дар сафоратхонаҳо» ё АРТ ном дорад, ҳамин аст, ки аз тариқи санъат мардумони дунёро ба ҳам қарин созем ва фарҳангҳоро бо ҳам ошно.


Асарҳои ҳунармандони тоҷик


Фаррух Неъматзода, рассоми шинохта, ки бо услуби рассомии ғарбӣ ошноӣ дорад, гуфт, худи ӯ дастпарвари мактаби рассомии Аврупо аст. Вай чанд расмҳои худро ба ин намоишгоҳ овардаааст:

«Ман 16 сол дар Тоҷикистон набудам, вале табиати нотакрори ватан, чеҳраҳои зебои мардумам ва хислатҳои наҷибу адатҳои мардумам ҳамеша дар маркази эҷодам қарор дошт».

Ҳунарманди дигаре, ки маҳсули кораш писанди ҳозирин дар ин ҳамоиш гашт, Абдураҳмон Назирматови Заргар буд. Дастпона, қулфи гиребон, ангуштарӣ, бозубанду гарданбанҳои нуқрагӣ - аз анвои заргарии аз нуқраи соф сохтаи усто Абдураҳмон буд, ки дар ин намоишгоҳ ҳаводор ва харидорони зиёде пайдо кард.

Усто Абдураҳмони заргар гуфт, маҳсули дастранҷи ӯ борҳо дар намоишгоҳҳои ватанӣ ва байналмилалӣ ширкат кардаву ҷойҳои намоёнро касб кардааст. Ӯ низ дар Русия таҳсил кардаву ҳунарашро сафқал додаааст:

«Ман, ки нақшҳои миллиро мекашидам ва месохатам, барои мардуми рус ё аврупоӣ фаҳмо набуд. Сипас ман арнаментҳои аврупоиро бо миллӣ омехта кардам».

"Санъат дар сафоратхонаҳо"


Барномаи «Санъат дар сафоратхонаҳо» ҳануз соли 1964 ба фаъолият шурӯъ карда, феълан ба як барномаи ҷаҳонӣ, ки ҳадафи аслиаш муаррифии беҳтарин намунаҳои санъати рассомист, то имрӯз 3500 асари рассомии ҳунармандони амрикоиро гирд овардааст. Ин асарҳо дар қароргоҳҳо ё бинои сафоратхонаҳои Амрико дар 180 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар меҳвари ин барномаи фарҳангӣ ва ин асарҳои рассомӣ принсипҳои демократӣ ва озодии баён ҷой доранд. Ба гуфтаи созмондиндагони ин ҳамоиш, санъат ва ҳунар беҳтарин василаи барқарор кардани муносибатҳои ҳасана бо аҳли фарҳанги кишварҳои ҷаҳон буда, барои рушди маориф, тиҷорат ва дипломатияи мамлакатҳои дунё, мусоидат мекунад.
XS
SM
MD
LG