Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуввумин медали Тоҷикистон дар Олимпиадаи Сингапур


Баҳодур Қодиров, варзишгари тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати гуштии озод медали нуқра ба даст овард. Паҳлавони 16-солаи тоҷик рӯзи 17-уми август дар рақобатҳо дар вазни то 63 килограмм бар се рақибаш пирӯз гардида, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Русия мағлуб гашт.

Баҳодур нахуст бар Муҳаммад Боудраи алҷазоирӣ бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд. Баъдан Амадеус Перейраро, аз Гвинея-Бисау, бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Баҳодур бар рақиби севумаш Квинтон Мурфӣ, гуштигири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, Баҳодур Қодиров дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Русия Азаматбӣ Пшнатлов, ғолиби гурӯҳи «В», бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Воқеан, ин дуввумин медали варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон мебошад. Ёдовар мешавем, ки Шукрона Шарифова, хонандаи синфи 9-уми мактаби миёнаи шумораи 94-и шаҳри Душанбе, дар сабқати таэквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Баҳодур Қодиров дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ман 3-юми майи соли 1994 таваллуд шудаам. Дар синфи 11-уми мактаби миёнаи рақами 27-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Аз соли 2005 ба гуштии озод машғулам. Таҳти раҳбарии устодам Абдурозиқ Олимов машқ мекунам. Ман порсол дар мусобиқаи интихобии Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар вазни то 63 килограмм ғолиб шуда, соҳиби роҳхат ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Сингапур гардидам. Умуман, бори дуввум аст, ки ман ба хориҷи кишвар сафар карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзам. Ман ба ин Бозиҳо хеле хуб омодагӣ дидам ва мақсадам ба даст овардани медал буд. Хеле шодам, ки ба ин нияти худ расидам».

Дар сабқати гуштии озод Ираклий Мосидзеи гурҷӣ, ки рақибаш Квинтон Мурфии амрикоиро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Сингапур то 26-уми август идома хоҳад кард, инчунин, дар мусобиқот оид ба варзиши сабук, камонварӣ ва бокс ширкат меварзанд. Дар ин навъҳои варзиш Тоҷикистонро даванда Даврон Атобоев, гурзандоз Абдуқодир Баротов, камонвар Кристина Зайниддинова ва муштзан Сиёвуш Зуҳуров намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG