Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафирон аз сарнавишти ДНФИ


Сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе бо ирсоли як номаи дастаҷамъӣ унвонии ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба фармони Вазорати маорифи ин кишвар дар бораи манъи фаъолияти Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот (ДНФИ) изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар ин нома, ки аз сӯи сафирони Амрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо имзо шудааст, гуфта мешавад, вазорати маориф бидуни ироаи далели сареҳ дар мавриди манъи фаъолияти ин донишкада тасмим гирифтааст.

Намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ аз ДНФИ ҳамчун донишкадаи бонуфуз ва маркази омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ ном бурдаанд. Ба гуфтаи онҳо, Тоҷикистон имрӯз ба чунин марказҳо ба мисли Донишкадаи навовариҳои фаннӣ сахт ниёз дорад ва баста шудани донишкада ин нигарониро дар пай дорад, ки дигар марокизи хусусии таълимӣ дар Тоҷикистон ҳар гоҳ метавонанд ба чунин мушкил рӯбарӯ шаванд.

Намояндагони дипломатии хориҷӣ ба ношаффофии бозрасии парвандаи Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот дар додгоҳ ишора кардаанд. Онҳо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки ин парвандаро таҳқиқ намояд ва донишҷӯёни ин донишкадаро аз таҳсил маҳрум накунад.

Баҳси вазорат бо донишкада

Вазорати маориф моҳи июли соли ҷорӣ фармони баста шудани донишкада ва манъи қабули ҳуҷҷатҳоро барои соли таҳсили 2009-2010 содир кард, аммо сарфи назар аз ин, раҳбарияти ин мактаби олӣ имсол беш аз 400 нафар донишҷӯи навро қабул кардааст. Дар умум, теъдоди донишҷӯёни ин ҷо беш аз 1500 нафар аст.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, Донишкадаи навовариҳои фаннӣ ва иртиботот бархе аз меъёрҳои муайяншуда дар иҷозатномаи ин донишкадаро риоят накардааст.

Аммо Садриддин Акрамов, муассиси ин донишкада, амри вазоратро ғайриқонунӣ донист ва гуфт, ки он ба ҷараёни таълиму тадрис дар донишкада халал ворид мекунад. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, вазорат дар ҳоле ба меъёрҳои фаъолияти ин донишкада эрод гирифтааст, ки ҳамагӣ як сол пештар иҷозатномаи фаъолияти онро пас аз санҷишу баррасӣ худи ҳамин вазорат додааст.

Баҳси миёни вазорати маориф ва ягона донишкадаи хусусии марбут ба ширкати "Садр" дар ҳоле дубора гарм мешавад, ки қаблан додгоҳи иқтисодии Душанбе баҳси рӯзада миёни ин ҳардуро ба фоидаи мақомоти донишкада ҳал карда буд. Вале Шӯҳрат Қудратов, вакили ҳуқуқии ин донишкада мегӯяд, додраси ин додгоҳ ҳамагӣ пас аз як рӯзи содир кардани ҳукмаш, таъиноти худро рад кардааст.

Таҳлилгарон ин мавзӯъро ҳам ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки қазияи мутаваққиф шудани донишкадаи хусусии марбут ба ширкати “Садр”, аз як сӯ, ба рақобатҳои ба гуфтаи онҳо носолим дар миёни муассисаҳои омӯзишу парвариши давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ҷалби донишҷӯён марбут аст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи онҳо, ҳузури фаъоли мухолифони давлат дар ин донишкада мақомоти давлатиро нороҳат кардааст.
XS
SM
MD
LG