Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Бонки миллӣ барои коҳиши пули нақд


Бонки миллии Тоҷикистон ба манзури коҳиши мизони истифода аз пули нақд талоши таъсиси маркази миллии просессингӣ ё дастгоҳи ягонаи банкоматҳост. Бонки миллӣ мегӯяд, ҳоло дар дасти шаҳрвандони кишвар наздики се миллиард сомонӣ ва ҳудуди 400 миллион доллари нақд аст.

Ба таъкиди масъулони Бонки миллӣ, истифода аз пули нақд мушкилоти зиёдеро ба дунбол дорад. Аз сӯи дигар вориди муомила шудани сомониҳои қалбакӣ дар ин авохир нигаронии масъулони Бонки миллиро дар заминаи истифодаи пули нақд дар муомилот ва тиҷорат ба ташвиш овардааст.

Шарифхон Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ахиран дар яке аз марказҳои тиҷоратии шаҳри Душанбе пули қалбақиро «истифода» кардааст ва фурӯшандаҳо онро ташхис карда натавонистаанд. Аз ин рӯ Бонки миллии Тоҷикистон муассиртарин роҳи ҷилавгирӣ аз пулҳои қалбакиро дар коҳиш додани пули нақд медонад.

Тарҳи маркази миллии проссесингӣ

Аммо барои он, ки мизони пули нақд дар бозори муомилот коҳиш ёбад, Бонки миллӣ роҳандозии маркази миллии проссесингӣ ё дастгоҳи воҳиди кортҳои плостикиро рӯи даст гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони Бонки миллӣ, музояда барои таъсиси ин марказ эълом шудааст ва дар сурати роҳандозӣ шудани ин система, соҳибони кортҳои пластикӣ метавонанд, сарфи назар аз мутааллиқ ба ин ё он бонк аз куллияи банкоматҳо истифода кунанд. Ба ин тартиб куллия амалиётҳои бонкӣ тавассути кортҳои пластикӣ сурат хоҳад гирифт.

Истифода аз кортҳои пластикӣ дар тамоми ҷаҳон маъмул аст ва таҷриба собит кардааст, ки ин шева аз лиҳози амниятӣ барои амонатгузории дороиҳои шаҳрвандон ва амалиётҳои бонкӣ хеле муфид аст. Тоҷикистон низ дар муддати чанд соли ахир системаи истифода аз кортҳои пластикиро барои гирифтани маош аз банкоматҳо ба роҳ мондааст, аммо то ҳол кортҳои пластикӣ дар хариду фурӯш дар дӯконҳо ё супремаркетҳо ба роҳ монда нашудааст. Чӣ расад ба дигар намуди хидматрасониҳо бо истифода аз кортҳои пластикӣ.

Таҷрибаи номуваффақи кортҳои пластикӣ дар Тоҷикистон


Аммо таҷрибаи истифода аз кортҳои пластикӣ барои гирифтани маош дар Тоҷикистон нишон дод, ки бонкҳо ба таври бояду шояд ин хизматрасониро ба роҳ монда натавонистаанд. Хосса раванди бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва пайомади он тавони бонкҳои Тоҷикистонро дар заминаи хидматрасонии кортҳои пластикӣ ба таври возеҳ собит кард.

Муҳамммад, яке аз истифодабарандагони корти пластикӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, «дар оғоз истифода аз кортҳои пластикӣ хеле иқдоми хуб буд. Чун мо сарсону саргардон нашуда маошро тавассути банкоматҳо дарёфт мекардем. Аммо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва пайомади он мушкилоти фаровонеро дар ин замина пеш овард. Кор ба дараҷае расид, ки доллари амрикоиро на танҳо дар банкоматҳо, балки дар худи бонкҳо гирифта намешуд ва масъулони бонки «Тоҷиксодиротбанк» иллати ин амрро дар тамом шудани захираи асъори хориҷӣ, яъне доллар арзёбӣ мекарданд. Дӯстонамон низ дар дигар бонкҳо ба ин мушкил мувоҷеҳ шуданд».

Дар натиҷа, ба гуфтаи Муҳаммад, вай ва ҳамкоронаш маҷбур шудаанд, то дари дигар бонкро кӯбанд то мушкили дарёфти маош тавассути корти пластикиро ҳал кунанд. Аммо ҳарчанд ин мушкил ҳамакнун то ҷое ҳал шудааст, вале Муҳаммад мегӯяд, аз банкоматҳои бонки Эсхата дар рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе, на танҳо доллар, ҳатто пули миллии сомониро низ гирифта намешавад.

Хушбиниҳои Бонки миллӣ аз маркази проссесингӣ

Масъулони Бонки миллӣ низ вуҷуди чунин мушкилотро дар бонкҳои кишвар таъйид мекунанд ва мегӯянд, бо роҳандозии маркази миллии проссесингии истифодаи кортҳои пластикӣ ҳама мушкилот, аз ҷумла пардохти маош тавассути банкоматҳо, ҳатто бо асъори хориҷӣ ҳалл хоҳад шуд.

Абдуғаффор Қурбонов, масъули дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, «албатта ин гуна ҳолатҳо вуҷуд дошт ва гоҳ–гоҳе мешавад, Вале ҳадафи аслии ин марказ низ аз байн бурдани ин гуна мушкилоти бонкӣ аст. Вақте ки марказ миллӣ шуд ва пули нақд дар муомилот коҳиш ёфт, албатта гирифтани маош аз банкоматҳо низ бидуни мушкил бо ҳар асъоре, ки бошад, хоҳ пули миллии сомонӣ бошад, хоҳ доллар ва ё евро таъмин мешавад. Аз сӯи дигар амалиётҳои марбут ба пардохт дар дӯконҳо ё супермаркетҳо тавассути корти пластикӣ низ сурат хоҳад гирифт. Ҳамон гуна, ки дар дигар кишварҳо роиҷ аст, дар мо низ ҳамин тавр хоҳад шуд. Хуб ин оғози кор аства оянда ин иқдомҳо хоҳанд шуд».

Аммо Акрами Абдуқаҳҳор, коршиноси тоҷик бар ин назар аст, ки амалӣ шудани ҳар чӣ сареъи ин тарҳ хеле мушкил аст, «ман медонам, ки системаи нафақаро аз тариқи истифодаи кортҳои пластикӣ танзим карданӣ ҳастанд, Аммо бубинед ин идеяи муассир ба назар намерасад, Зеро вақте банкоматҳо танҳо дар Душанбе ҳаст ва аксари нафақагирон дар деҳот ба сар мебаранд, амалӣ шавии тарҳ мушкил аст».

Афзоиши банкоматҳо дар Душанбе

Ин дар ҳолест, ки Абдуғаффор Қурбонов, масъули дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикиситон, мегӯяд, таҳлилҳо ҳокист, ки танҳо дар соли ҷорӣ истифодабарандагони кортҳои пластикӣ дар Тоҷикистон 25 дарсад афзуда ва теъдоди банкоматҳо дар қаламрави Тоҷикистон ба 200 адад расидааст. Аммо беш аз 70 дарсади банкоматҳо дар Душанбе ва қисми андаке дар вилояти Суғд ва дигар манотиқ аст.

Зимнан дар Тоҷикистон 8 бонк истифодаи кортҳои пластикиро ба роҳ мондааст, ки дар миёни онҳо «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», « Тоҷиксодиротбонк» ва «Эсхата» дар бозори кортҳои пластикӣ бештар фаъол мебошанд. Зимнан, бархе аз соҳибназарон роҳандонии маркази ягонаи миллии проссесингии истифода аз кортҳои пластикиро омили ҷилавгирӣ аз фасод дар муомилот, ба хусус дар амалиётҳои хариду фурӯш дар дӯконҳо ё супермаркетҳо медонанд.
XS
SM
MD
LG