Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоргона рӯзи чоршанбе дар Сочӣ ҷамъ мешавад


Рӯзи 18 август дар шаҳри Сочии Русия мулоқоти чорҷонибаи руасои ҷумҳуриҳои Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон Дмитрий Медведев, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Осифалӣ Зардорӣ доир мешавад. Сухангӯи Карзай Ваҳид Умар гуфт, ки раҳбари Афғонистон дар ҳошияи ин нишаст бо ҳамтоёни русу покистониаш низ рӯи масоили минтақавиву иқтисодӣ мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Эмомалӣ Раҳмон то 20 август дар Сочӣ хоҳад монд ва интизор меравад, бо Дмитрий Медведев масоили ҷамъшуда дар равобити Душанбеву Маскавро низ алоҳида баҳс кунад.
XS
SM
MD
LG