Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хост, ҳукми фаъоли ҳуқуқи инсони Ӯзбакистон лағв шавад


Ҳюман Райтс Вотч, (Human Rights Watch) як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Ӯзбакистон хостааст, то ҳукми 13 соли зиндон ба Ғайбулло Ҷалилов як фаъоли ҳуқуқи инсонро лавғ кунанд, зеро ба гуфтаи созмон, иттиҳомоти алайҳи ин фард сохтаву бофта аст. Ғайбулло Ҷалиловро аввали соли равон бо гуноҳи ифротгароии мазҳабӣ ба 9 соли зиндон маҳкум карданд. Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, додгоҳ ҳафтаи гузашта дар муҳокимаи паси дарҳои баста Ғайбулло Ҷалиловро ба фаъолияти зидди ҳукуматӣ гунаҳкор дониста ва чаҳор соли дигар ба ҳукми ӯ изофа кардааст. Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, далелҳо алайҳи ин фаъоли ҳуқуқи инсон бе субут будааст.
XS
SM
MD
LG