Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони айбнома алайҳи 4 ҷангии собиқи серб


Мақомоти Буснӣ 4 узви собиқи нирӯҳои вижаи сербҳои Буснӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияро ба далели даст доштанашон дар қатли беш аз 800 сокини мусалмони шаҳраки Сребренитса ба наслкушӣ айбдор карданд.
Дар баёнияи додситонӣ омадааст, ки Франс Кос, шаҳрванди 44-солаи Словения, ва 3 серби Буснӣ - Станко Коҷич, Властимир Голиҷан ва Зоран Горонҷа – ба ширкати мустақим дар қатли беш аз 800 марду навраси мусалмони Сребренитса дар моҳи июли соли 1995 айбдор мешаванд. Ин афрод дар фермае дар шимоли Сребренитса қатл шуданд. Баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон куштори беш аз 8000 мардону наврасони мусламони Сребренитса дар 11 июли соли 1995 мудҳиштарин мавриди куштори омм дар Аврупо маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG