Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми тоҷикӣ дар бораи мусулмонони Амрико


Шумораи навбатии барномаи «Фарҳангу андеша» ба мавзӯъҳои филми рӯзноманигорони тоҷик дар бораи мусулмонони Амрико, суруди пурмоҷарои сарояндаи узбак Юлдуз Усмонова дар бораи низоъҳои қавмӣ дар Қирғизистон ва сӯҳбат бо нависандаи маъруфи тоҷик Уруни Кӯҳзод бахшида шудааст.

Як гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик дар чаҳорчӯби як барномаи фарҳангии сафорати ИМА ахиран ба ин кишвар сафар карданд ва давоми 20 рӯз филмеро таҳти унвони «Аз намоз то намоз» дар бораи зиндагии мардуми мусулмони Амрико таҳия намуданд.

Фаррух Аҳроров муаллиф ва коргардони ин филми мустанад, дар сӯҳбат бо маҷаллаи "Фарҳангу андеша" гуфт: «Зарурати ба навор гирифтани ин филм аз он ба миён омадаааст, ки баъди ҳодисаи 11 сентябр, сарусадоҳое паҳн шуд, ки гӯё дар пайи ин ҳодиса мусулмонони муқими Амрико ба фишору таъқибҳо рӯ ба рӯ гаштаанд ва ҳар амали террористӣ ва экстремистие, ки сар мезанад, ба онҳо рабт дода мешавад».

Оқои Аҳроров афзуд, муҳтаво ва сужаи филми «Аз намоз то намоз» аслан аз таъсири ҳодисаи мудҳиши 11 сентябр ба зиндагӣ ва ҳаққу ҳуқуқи мусалмонони Амрико ва ҳамзамон муносибати намояндагони динҳои дигар ба ислом ва мусулмонон иборат аст.

«Аз сӯҳбатҳое, ки бо мусалмонони Амрико ва намоядагони дину фарҳангҳои дигари муқими он кишвар доштем, рӯшан гашт, ки мусалмонон ва дар маҷмуъ дини ислом аз эҳтиром бархурдоранд ва касе ҳуқуқҳои онҳоро помол намекунад. Ва барои онҳо шароити мувофиқ барои будубош ва иҷрои фармудаҳои ислом вуҷуд дорад. Албатта дар оғози сар задани ҳодисаи 11 сентябр ҷой доштанд пайгирӣ, фишор ва таъқибҳо нисбати онҳо ва зери контрол қарор доштанд, вале ҳоло чунин нест. Намояндагони динҳои дигар низ бо мусалмонон муносибати хуб доранд», -мегӯяд ҷаноби Аҳроров.

Агарчи аз он замон то имрӯз дар ин бора дар васоити ахбори умум зиёд гуфта шуд, баҳсу баррасиҳои зиёде дар атрофи ин ҳодиса ба миён омад, китобҳои зиёде нашр шуд, аммо ҳанӯз ҳарфи ногуфта зиёд аст.

Чуноне дастандаркорони ин филм ҳам мегӯянд, як қатор таҳаввулоте, ки дар Амирико ва кишварҳои Аврупо, ба монанди манъи пӯшидани бурқа ва ҳиҷоб, ба ислом марбут донистани ҳама гуна падидаҳои нангини экстремистӣ, водор бар он мекунад, ки аз тариқи синамо бештар ба ин мавзуъ рӯ оварда шавад, зеро синамо беҳтарин воситаи иъикоси ҳаводиси ҷомеъа мебошад.

Намоиши филми «Аз намоз то намоз» ҳафтаҳои оянда дар телевизюнҳои маҳаллӣ намоиш дода хоҳад шуд.

Калом бояд созанда бошад на сӯзанда

Дар маҷаллаи «Фарҳангу андеша» бахше бо номи «Калом бояд созанда бошад, на сузанда» ҷой дода шудааст, ки дар он андешаи аҳли назар дар робита ба як таронаи овозхони узбак Юлдуз Усмонова, ки дар рӯзҳои задухурдҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби Қирғизистон сар зада, пахш шудаву боиси вокунишҳои шадиди ҷониби Қирғизистон ва рӯшанфикрони Узбакистон гашта буд, гирд оварда шудааст.

Дар сӯҳбати Урун Кӯҳзод

Инчунин дар барнома бахши тозае бо номи «Аёдат» ҷой дода шудааст, ки ҳадафи он аёдати пирону барҷомондагони соҳаи илму фарҳанги Тоҷикистон аст, ки то андозае аз назарҳо дур ва фаромӯш шудаанд. Дар ин барнома мусоҳиба дорем бо адиби шинохтаи тоҷик Урун Кӯҳзод, ки мегӯяд, 73 сол дорад, аммо китобро беайнак мехонад. Ва ба ин ақида, ки аз зиёд китоб хондан нури чашм кам мешавад, бовар надорад. Вай мегӯяд:

«Мегӯянд, агар ба пушт хобида китоб хонӣ, нури чашм кам мешавад, аммо ман ҳамеша ба пушт хобида киитоб мехонам. Китоб хондан худаш машқ аст барои чашм. Агар чашм ба хондан одат кунад, ҳаргиз бемор намешавад. Китоб воъеан аниси рӯзҳои танҳоӣ ва бознишастагии ман гаштааст. Ва ман ягон бор танҳоиро эҳсос намекунам.».


Китобхонаи шахсии Урун Кӯҳзод беш аз 2000 китоб дорад, ки олимони ҷавон ва донишҷӯён аз он истифода мебаранд.

Барои шунидани маҷаллаи «Фарҳангу андеша» ишораи аудио дар гӯшаи рости болои саҳифаро "нохун" занед.
XS
SM
MD
LG