Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии донишманди озарбойҷонӣ аз зиндони Эрон


Рашид Алиев, як донишманди озарбойҷонӣ, баъд аз адои 2 сол ҳукми зиндон аз Эрон ба Боку баргашт. Ӯ дар Эрон бо ҷурми ҷосусӣ равонаи зиндон шуда буд. Рашид Алиев соли 2006 ба хотири кор дар як ширкати фаннӣ ба шаҳри Симнон, воқеъ дар шарқи Теҳрон рафт. Вале соли 2008 ба ирсоли иттилоот дар бораи фанновариҳои лазерӣ ва нақшаҳои электронӣ ба Озарбойҷон айбдор шуд ва 3 сол ҳукми зиндон гирифт.
Алиев ҷароими ба гарданаш дайншударо беасос номид ва аз ширкате, ки ӯ барояш кор мекард, ситоиш кард, ки барои раҳоии вай 100 000 доллар пули гарав пардохт кардааст.
Рашид Алиев дар солҳои 80, ки Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, ҳамчун узви ҳизби Мусовот низ зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG