Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли замин байни ҳазораҳову паштуҳо дар канори Кобул


Рӯзи ҷумъа як баҳси замин дар канори Кобул ба задхӯрди қавмӣ байни ҳазораҳову паштуҳо табдил ёфт. Шоҳидон мегӯянд, дар ин хушунатҳо чандин нафар захм бардоштаанд.
Ҳудуди 200 ҳазора талош карданд, паштуҳоро аз манзилҳояшон дар теппаҳои атрофи рустоҳои ҳазоранишин берун кунанд. Беш аз 300 сарбозу пулиси ба ин минтақа басиҷшуда ба манзури пароканда кардани издиҳоми ҳазораҳо ба ҳаво тир андохтаву аз калтак ҳам истифода бурдаанд.
Ғуломсахӣ, як раҳбари ҳазораҳо гуфта, ки ин заминҳо моли ҳазораҳост ва онҳо аз ин мардуми омад хостанд бипурсанд, ки чаро дар замини онҳо сукунат ихтиёр кардаанд. Аммо Муҳаммадумар, раҳбари паштуҳо гуфта, ки ҳазораҳо онҳоро иҷборан берун карда, хонаҳои онҳоро оташ задаанд.
XS
SM
MD
LG