Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ ба Покистони офатзада меравад


Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун қасд дорад, рӯзи шанбе вориди Покистон шавад. Бадтарин селхезиҳо дар таърихи Покистон мавзӯъи ин сафари Мун хоҳад шуд. Сухангӯи вазорати хориҷа Абдулбосит гуфт, ки Бан Гӣ Мун баҳси барномаҳои кӯмакро рӯзи якшанбе бо раҳбарони Покистон дар миён хоҳад гузошт. Қарор аст, ки ӯ рӯзи якшанбе аз манотиқи офатзада низ дидан кунад.
Дар ҳафтаи оянда сенатори амрикоӣ Ҷон Керрӣ низ аз Покистон дидан хоҳад кард.
Покистон мегӯяд, селхезиҳои ахир ба ҳудуди 20 миллион нафар аз мардумаш асобат кардааст. СММ дар бораи ҳудуди 1600 қурбонии ин офатҳо сӯҳбат мекунад. Аммо Исломобод то ҳол ҳалокати 1343 нафарро таъйид кардааст.
XS
SM
MD
LG