Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди сӯхтор ба маркази ҳастаии Саров дар Русия


Мақомоти Русия мегӯянд, майдони оташсӯзие, ки ба таври хатарнок ба бузургтарин маркази таҳқиқоти ҳастаии ин кишвар таҳдид мекунад, тавсиа ёфтааст. Барои фурӯ нишондани сӯхтор дар атрофи маркази ҳастаии Саров дар вилояти Нижний Новгород ҳазорон сӯхторнишон эъзом шудаанд. Дар худи шаҳр оташсӯзие сабт нашудааст, вале оташ ҷангалзорҳои мамнӯъгоҳи воқеъ дар Ҷумҳурии Мордовияро ба коми худ кашидааст.
Бо ин ҳол, имрӯз дар Маскав барои бори аввал дар чанд ҳафтаи охир борон борид. Ин борон шиддати абри ғафси дудеро, ки аз сӯхторҳои атроф бархоста, фазои пойтахти Русияро печонида буд, каме сабуктар ва ҳаворо рӯшантар кард.
XS
SM
MD
LG