Маҷмаъи кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар ин рӯз аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, то бо эътирофи ҳамонҳангии миёни наслҳо дар ҳалли мушкилоти насли ҷавон ва беҳбуд бахшидани ҳаёти онҳо талош кунанд.
Мушкилоти ҷаҳонии ҷавонон
Бар тибқи оморҳое, ки дар робита ба ин сана аз шабакаи ҷаҳонии интернет дарёфт кардан мумкин аст, имрӯз дар ҷаҳон 3 миллард сокини то 25 сола ба қайд гирифта шудааст, ки ним милларди онҳо дар ҳоли фақр ба сар мебаранд.
Беш аз 100 миллион кӯдакон аз таҳсил дар канор монда, ҳамарӯза 30 ҳазори онҳо аз гурусанӣ мефавтидаанд. Ҳамчунин, тибқи ин нишондодҳо, ҳамарӯза 7 ҳазор ҷавон дар олам ба вируси норасоии масъунияти бадан ё СПИД сироят меёбанд.
Дар Тоҷикистон ҳам, ки тибқи оморҳо беш аз 50 дар сади аҳолиашро афроди то 17 сола ташкил медиҳад, айнан ҳамин мушкилот гиребонгири ҷавонон аст ва ин қишр бештар аз ҳама аз набуди ҷойи кори мувофиқ азият мекушанд.
Гуфта мешавад, беш аз 60 дар сади бекорони кишвар ҷавононанд ва ҳамин мушкил аз нигоҳи таҳлилгарон боис ба боло рафтани нишондодҳо дар масоиле мисли мӯътодӣ ба маводи мухаддир, танфурӯшӣ ва ҷинояткорӣ гаштааст.
Ҷавонон дар меҳмонии раиси кумитаи кор бо ҷавонон
Бо ин ҳол, аксар ҷавонон тоҷик аз таҷлили 12 август, чун рӯзи ҷаҳонии ҷавонон хабар надоранд. Бахшида ба ин рӯз ҳам дар кишвар чорабиниҳои вижаи идона мушоҳида нашуд. Ба ҷуз мулоқоти Раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои хориҷ аз кишвар таҳсили илм доранд.
Малкишоҳ Неъматов, раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд, соли дуввум аст, ки бо ҳадафи ошнойӣ аз вазъи муҳассилини тоҷики кишварҳои хориҷ, дар мавсими таътил ва бозгашти ин гурӯҳи донишҷӯён ба ватан, чунин мулоқот баргузор мешавад. Малкишо Неъматов:
«Дар ин вохӯри мо бо ин ҷавонон дар бораи бурду бохти кишвар ба ҷавонон нақл мекунем ва онҳоро аз хабарҳои кишвар дар ин як сол огоҳ мекунем, онҳо ҳам вазъу шароити худро бо мо дар миён мегузоранд, мо омодаем ба ҳама пурсишҳои онҳо посух гӯем ва мушкилоташонро ба мақомоти болоӣ расонем. Мо кӯшиш мекунем, то ҳар таътил ин ҷавононро дар Тоҷикистон ҷамъ орем, чун ман фикр мекунам, агар онҳо ҳар сол ба хона, ба ватан баргарданд, меҳр нисбати ватан ва ҳисси ватандӯстии онҳо боло мегирад ва ҳатман баъди хатм дар фикри бозгашт ба кишвари худ мешаванд».
Тибқи омори расмӣ феълан беш аз шаш ҳазор ҷавони тоҷик аз буҷаи давлат, дар донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон таҳсил мекунанд, аммо шумори нафароне ҳам, ки аз ҳисоби худ дар хориҷ ба тадрис машғуланд сол то сол меафзояд.
Ҷавонон дар мулоқот бо раиси кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва муовини вазири маориф Фарҳод Раҳимов бо суолу мушкилоти мухталифи худ муроҷиат намуданд. Аксарият аз вазъи молии донишҷӯёни тоҷик, дар кишварҳои хориҷ ва аз набуди датсгирӣ аз сӯйи масъулини кишвар шикоят намуда, барои беҳтар шудани вазъ пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Фирӯз Абдуллоев, ки дар ихтисоси меъморӣ яке аз донишгоҳҳои Туркия таҳсил мекунад, мегӯяд, аксар ҷавонони тоҷик дар ин кишвар ба мушкили моддӣ мувоҷеҳанд, ва онҳо бештар барои дарёфти маблағ дар баробари дарс ба корҳои мухталиф ҳам машғул мешаванд ва ё барои кор дар таътил ба Амрико сафар мекунанд.
Шикояти донишҷуён дар кишварҳои хориҷӣ
«Ман аз ҷониби давлат ба Туркия барои таҳсил сафар кардаам, ҳар моҳ аз сӯйи кишвари Туркия 150 доллар стипендия мегирам, аз тарафи давлати худамон ба мо гуфтанд, дар нархи чипта барои бозгашт ба ватан имтиёз дода мешавад, аммо ин ҳам нашуд ва мо маҷбур шудем бо ҳамон нархи маъмулӣ чипта харида баргардем»
Аммо Нуриддин Холбоев, муҳссили яке аз донишгоҳҳои Ню-Йорки Амрико, дар суҳбати бо раиси кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва муовини вазири маориф, аз низому сифати таълими Тоҷикистон шикоят кард.
Нуриддин, баъд аз 2 соли таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи милии Тоҷикистон, хостааст таҳсилашро дар ҳамин бахш дар Амрико идома бидиҳад, аммо бо иллати эътироф нашудани низоми таҳсили Тоҷикистон дар Амрико ӯ маҷбур шудааст, таҳсилро аз нав шурӯъ кунад.
«Дар Амрико масалан агар шумо ҳуқуқшинос шудани бошед, танҳо 3 ё 4 фанни ҳуқуқро мехонед тамом, аммо дар донишгоҳи миллӣ, ки ман дар он таҳсил кардам, 13 фанн таълим дода мешавад ва ҳар сол ба ин боз фаннҳои дигар илова шудан мегирад. Мо қариб ҳар сол аз 60 фанн имтиҳон месупорем, аммо дар Амрико, ҳамагӣ давоми 4 соли таҳсил, донишҷӯ 13 фан момӯзад, яъне як нафар, танҳо дар як соҳаи мушаххас, ҳамчун як муттахассиси ҳирфаӣ омода карда мешавад»
Донишҷӯи дигар, Айёмиддин, ки дар риштаи иқтисодӣ донишгоҳи Қоҳира таҳсил мекунад, аз мушкилоти донишҷӯён дар Миср суҳбат карда гуфт, дар муқоиса бо донишҷӯёни дигар кишварҳо, ки аз сӯйи сафоратҳои кишвари худ дастгирӣ меёбанд ва ба онҳо бинои махсуси зист ҷудо мешавад, муҳассилини тоҷик, дар солҳои аввал ба хусус дар дарёфти ҷойи зист дар Миср зиёд мушкил мекашанд ва сафорат ҳам наметавонад дар ин самт ба онҳо кӯмак кунад.
Ба иттилои вазорати маорифи кишвар донишҷӯёни тоҷик имрӯз бештар дар хориҷи кишвар аз рӯйи 180 ихтисосе таҳсил мекунанд, ки Тоҷикистон имкони омода кардани ин муттахассисонро надорад.
Дар мулоқоти масъулин бо ҷавонони тоҷики муҳассилини донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ, масъулин аз тадриси ҷавонону наврасон дар мадрасаҳои ғайрирасмӣ ва хусусии кишварҳои арабӣ нигаронӣ карданд.
Ба гуфтаи онҳо аксари ин ҷавонон, ки бо роҳи хусусӣ ба сафар мебароянд, дар ин кишварҳо дар шароити хеле бад ба сар мебаранд ва аз таҳти назорат ҳам дур мондаанд.