Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, қаноатманд аст, ки нерӯҳои Амрико дар Ироқ метавонанд нақши худро ба ҳайси қувваи ҷангӣ дар замони таъиншуда ба поён баранд ва ҳам аз рӯи ҷадвали замонӣ то охири соли 2011 кишварро тарк кунанд. Обама дар ҷаласа бо вазири умури хориҷӣ, Ҳилларӣ Клинтон, вазири дифоъ Роберт Гейтс, мушовири амнияти миллӣ, Ҷеймс Ҷонс аз тариқи хатти видео бо фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ, Рей Одиерно гуфтугӯ кард. Сухангӯи Кохи сафед, Роберт Гиббс гуфт, ба Обама гузориш дода шуд, ки вазъи амниятӣ дар Ироқ беҳбуд ёфта ва нерӯҳои ироқӣ омодаанд, масъулияти онро бар дӯш бигиранд.