Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расми ёдбуди фоҷиаи киштии "Курск" дар Русия


Дар Русия имрӯз, маросими ёдбуди кушташудагони фоҷиаи киштии "Курск" баргузор гашт. Ба ин муносибат дар саросари кишвар парчами миллӣ сархам Даҳ сол пеш, 12-уми августи соли 2000-ум, дар ин пешрафтатарин киштии атомии зериобии Русия ду таркиш ба вуқӯъ пайваста, "Курск" дар баҳри Барентс ғарқ шуд ва 118 низомии он ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо танҳо соли 2001 аз зери об берун гирифта шуд. Муфаттишон берун рехтани маводи мунфаҷира аз як торпедои киштиро сабаби таркишҳо номиданд.
XS
SM
MD
LG