Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Абхозистон S-300-ро мустақар кард


Александр Зелин, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Русия, имрӯз гуфт, кишвараш дар Абхозистон, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, системи пешрафтаи дифоъии S-300–ро мустақар кардааст. Генерали рус гуфт, нерӯҳои масъули идораи ин система бо ҳамкорӣ бо дигар бахшҳои артиш, системаи дифоъи ҳавоӣ барои тамоми қаламравҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро таъмин хоҳанд кард. Ӯ ҳамчунин афзуд, дигар навъи системи дифоъи ҳавоӣ дар Осетияи Ҷанубӣ мустақар шудааст. Гурҷистон, ки ҳамчунон Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро қаламрави худ медонад, гуфт, истиқрори системаи дифоъи ҳавоӣ мояи нигаронии Гурҷистон шудааст. Русия ҳарду ин қаламравро баъди ҷанги кӯтоҳе бо Гурҷистон дар соли 2008 ба ҳайси кишварҳои мустақил эътироф кард.
XS
SM
MD
LG