Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамазон бозори ғизоро гарм кард


Моҳи рамазон бозори навъе ғизову таомҳоро гарм кардааст. Дар бозорҳои Суғд нишалло ба як ширинии серхаридор мубаддал шудааст, ки дастархони ифтор ва саҳарии рӯзадоронро зеб медиҳад, дар пайи он шарбату нӯшобаҳо ва мева ҳам харидори зиёд дорад.

Имсол мавсими рӯзадорӣ ба давраи аз ҳама гарми сол рост омад, дар Хуҷанд рӯзҳои ахир дар сояҷой ҳароратсанҷ зери 40 дараҷаи гармиро нишон медиҳад.

Хурмо, ангур, мавиз, обҳои софи нӯшиданӣ ва маъданӣ - чизҳоест, ки рӯзадорони тоҷик ҳатман ҳадди ақал яке аз онҳоро барои ифтор мехаранд. Кушодани рӯза бо ин меваю нӯшокиҳо савоб ҳисобида мешавад. Гармои 40 дараҷаи Хуҷанд низ майлу рағбати харидоронро ба хариди ин чизҳо зиёд мекунад.

Моҳи рамазон як таоми миллӣ дар ҳама бозорҳои Суғд ба худ ҷойгоҳ ва растаҳои махсус касб мекунад: Нишалло. Агар хоси дастархони наврӯзӣ суманак бошад, нишалло зеби дастурхони рамазонист. Ҳатто гармои сахти имсола ҳам майли мардумро аз хариди нишалло кам накардааст.

"Нишалло - хӯрдании қадима"

Дар бозори Панҷшанбе ҳам қатори нишаллофурӯшон харидорро истиқбол мекунанд. Мунаввар ном як зани фурӯшандаи нишалло гуфт: «Ҳозир ҳам халқ харида истодааст. Ин як хӯрдании қадима. Ба дардҳои ҳазмдон ва ҷигар даво, инро хӯрда истодан даркор».

Як харидори нишалло дар ҷавоб ба ин саволам, ки рӯи дастархони рамазониаш чӣ хӯрданиву ошомиданиҳоро мегузорад, гуфт: «Хӯрокҳои суюқ тайёр мекунам, албатта, меваю шарбат ва нӯшобаҳо ҳам мегузорем. Дар ин ҳавои гарм кас ташна монда, дилаш ҳамин хел чизҳои ташнагишикан меҷӯяд. Касе, ки иштиҳояш тамом мурда бошад, чой ва ба ҳамин нишаслло, ки харидам, нон хаста мехӯрад».

Нишалло аз дастрастарин ғизои бозорҳои Суғд аст. Онро аз шакар ва шираи як гиёҳи кӯҳӣ омода мекунанд ва як бонкаи нимлитриаш 2 – 2.5 сомонӣ арзиш дорад.

Аз растаи нишалло меравам ба кунҷи дигари бозори Панҷшанбе, ҷое, ки моҳӣ мефурӯшанд. Моҳӣ ва моҳифурӯшон кам ба назар мерасанд, моҳии фурӯширо дар болои мизҳо гузоштаанд.

"Моҳӣ ҳалқро ҳалол мекунад"


Шояд, ба таъсири гармӣ, ки моҳиро зуд вайрон мекунад, қисме аз тоҷирон тобистон аз савдои он даст кашидаанд. Муниса ном фурӯшанда ҳозир шуд ба Радиои Озодӣ шарҳ диҳад, ки чаро дар арафа ва рӯзҳои аввали рамазон бархе аз сокинон сокинон мехоҳанд ҳадди ақал як маротиба моҳӣ истеъмол кунанд.

Ӯ гуфт: «Моҳӣ доим харидор дорад. Баъзе одамон «фоида дорад», гуфта мехӯранд. Баъзеҳо «ҳалқамонро дар арафаи рамазон ҳалол мекунем».

Лекин ин гап дуруст нест. Бояфд ки ҳалқ ҳама вақт ҳалол бошад. Агар гапҳои дурӯғу баду фаҳшо нагӯед, ҳаққи касро нахӯред, бо лафзи сахт касеро озод надиҳед, ҳалқ ҳалол меистад. На ин ки ин корҳои бадро кунеду баъд моҳӣ хӯрда гӯед, ки «акнун ҳалқи ман ҳалол шуд».

Аммо ба ҳар ҳол, бо вуҷуди дар фасли гармо фаро расидани моҳи рамазон як хӯроки асосии рӯзадорони Хуҷанд ва бисёр сокинони маҳалҳои дигари Суғд палав боқӣ мондааст.

Дар шоми гармои тобистон, дар саҳари солеҳон ҳам сокинон аз хӯрдани палави тоҷикӣ рӯй наметобанд. Афзал ном як ҷавони тоҷир мегӯяд: «Одатан рӯзаро шом бо тармева, ангуру тарбуза ва ширинӣ мекушоем. Дил бештар хӯрокҳои обӣ меҷӯяд. Салқинтар бошад, ҷаззадумбул хӯрдан мумкин буд. Аммо барои саҳар оши палав беҳтар аст. Касро тамоми рӯз боқувват нигаҳ медорад. Чой, баъди он харбуза, ки меваи серғизо аст».
XS
SM
MD
LG