Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон се боздоштшударо шаҳрванди худ намедонад


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, се тоҷике, ки дар Афғонистон бо иттиҳоми терроризм боздошт шуданд, шаҳрванди ин кишвар нестанд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, тибқи қонунгузории кишвар, ин се нафар ҳаққи шаҳрвандии худро аз даст додаанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, се нафаре, ки дар шаҳри Қундузи Афғонистон бо иттиҳоми қатли ду маъмури амниятӣ боздошт шудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандии Тоҷикистон чандин сол пеш маҳрум шудаанд.

"Мувофиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандӣ агар онҳо дар давоми панҷ сол дар ҳамон кишваре, ки қарор доранд, дар сабти консулии Тоҷикистон намонанд, шаҳрвандии худро гум мекунанд. Ин афрод 18 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон нестанд ва мувофиқи маълумоте, ки доданд, онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб намешаванд".

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ин се нафар тоҷики мусаллаҳро ҳамроҳ бо ронандаи афғонашон баъди қатли ду маъмури амниятӣ дар як посгоҳи шаҳри Қундуз шимоли Афғонистон дастгир кардаанд.

Мақомоти амниятии вилояти Қундузи Афғонистон мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти таъқиби омилони ҳамла ба як посгоҳ дар Хонобод, ки боиси ҳалокати ду маъмури амниятӣ шуда буд, як гурӯҳи чаҳорнафарии иборат аз 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва ронандаи афғони онҳоро бо силоҳу муҳимот ва як компутари дастӣ боздошт кардаанд.

Боздошти се нафар тоҷик дар Қундуз

Мақомоти амниятии Қундуз мегӯянд, рӯзи ҷумъа, 6 август, дар ҷараёни амалиёти таъқиби омилони ҳамла ба як посгоҳ дар минтақаи Сандуқсойи улусволии Хонобод, ки мунҷар ба ҳалокати 2 маъмури амниятӣ шуда буд, як гурӯҳи чаҳорнафарии иборат аз ба гуфтаи мақомоти афғон, 3 шаҳрванди Тоҷикистон ва ронандаи афғони онҳоро бо як теъдод силоҳу муҳимот ва як компутари дастӣ боздошт кардаанд.

Омири амниятии вилояти Қундуз Абдураҳмони Ҳақтош дар як нишасти вижаи хабарӣ гуфт, зимни боздошт аз аъзои ин гурӯҳи марбут ба Тоҳири Юлдош ва Ҳаракати исломии Узбакистон ҳама силоҳҳои рабудашуда аз посгоҳи амниятии Сандуқсойро пайдо кардаанд.

Абдураҳмони Ҳақтош афзуд, дар натиҷаи ин амалиёт аз ин 4 нафари боздоштшуда як идда асноди ҷаълӣ, бо шумули шиносномаҳои кишварҳои мухталиф ва ҳам як компутари дастӣ низ баст даст омад. Дар ин компутар, ба гуфтаи омири амниятии вилояти Қундуз, асноди хеле муҳими марбут ба фаъолияти ин гурӯҳ дар қаламрави вилоёти шимоли Афғонистон, аз ҷумла Қундуз, ба таври муфассал дарҷ шудааст.

Мақомоти Афғонистон тахмин мезананд, ки ҳудуди 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба Ҳаракати исломии Узбакистон шомиланд

Фиристодаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон

Мақомоти амниятӣ дар ин нишасти хабарӣ ба хабарнигорон ҳамчунин иҷозат додааст, то бо атбоъи боздоштшудаи Тоҷикистон низ сӯҳбат кунанд. Алорағми гузоришҳои нашршуда дар бораи ҳалокати эҳтимолии раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, ин боздоштшудагон мегӯянд, ки Тоҳири Юлдош зиндаву саломат аст ва феълан дар устони Вазиристони шимолии Покистон сукунат дорад.

Яке аз онҳо, ки худро Муҳаммадтоҳир писари Муҳаммадзоҳир ва зодаи шаҳри Душанбеи Тоҷикистон муаррифӣ кард, ба хабарнигорон гуфт, ки 7 ило 8 сол ба ин сӯ дар Покистон таълим гирифта ва онҳоро Тоҳири Юлдош ба хотири, ба гуфтаи ӯ, “ҷиҳод алайҳи хориҷиҳо” ба Қундуз эъзом кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятии вилояти Қундуз, танҳо яке аз боздоштшудагон шаҳрванди Афғонистон буд, ки дар ин гурӯҳ масъулияти ронандагиро бар ӯҳда доштааст.

Се нафари дигар дар ҷараёни бозпурсиҳо эътироф кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистонанд. Ду нафари онҳо бо худ шиносномаҳои ҷаълии афғонӣ доштаанд, ки яке аз ҳамин улусволии Хонободи вилояти Қундуз ва дуввумӣ аз вилояти Тахор дарёфт кардаанд.

Филмбардори Тоҳири Юлдош

Шахси севвуме, ки аз ӯ низ шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешуд, ҳангоми боздошт аслан ҳеҷ ҳуҷҷати ташхискунандаи ҳуввият бо худ надоштааст. Ин нафар, ки худро Муҳаммаднаим муаррифӣ кард, дар нишасти хабарии ташкилдодаи мақомоти амниятии Қундуз ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ филмбардор аст ва ӯро Тоҳири Юлдош ба хотири ба дигарон омӯзиш додани кори филмбардорӣ ба шимоли Афғонистон фиристодааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон дар оғози солҳои 90 дар вилоёти Андиҷону Намангон ба майдон омад, вале баъди муддати кӯтоҳе фаъолият аз Узбакистон фирор кард. Пайравонаш дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар канори нирӯҳои мухолифини тоҷик алайҳи давлат ҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифин аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба Афғонистон паноҳ оварданд.

Вале дар поёни соли 2001, дар пайи оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон бисёре аз аъзои ин ҳаракат куштаву боздошт шуда, як бахши боқимондааш ба сарзаминҳои қабиланишини шимоли Покистон рафт.

Дар солҳои 1999 ва 2000 ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон талош карданд, марзи Узбакистонро бо истифода аз қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон рахна кунанд. Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистону Узбакистон мамнӯъ эълон шудааст.

Ҷангиёни тоҷик дар Ҳаракати исломии Узбакистон

Муҳаммадтоҳир писари Муҳаммадзоҳир мегӯяд, ки онҳо дар Вазиристони шимолӣ дар мадрасаи худи Тоҳири Юлдош таълиму тамрин гирифтаанд.

Аммо мақомоти амниятии вилояти Қундуз аъзои ин гурӯҳро парвардаи мадрасаи мавсум ба Ҳаққонияи шаҳри Пешовар медонанд ва мегӯянд, фаъолиятҳои онҳоро нафаре бо исми Ҳаққонӣ аз вилояти Бағлон раҳбарӣ мекард. Ба тахмини ин мақомот, дар Бағлон аз 30 то 40 табааи Тоҷикистон барои Тоҳири Юлдош дастбакор шудаанд.

Аммо Абдураҳмони Ҳақтош, омири амниятии Қундуз гуфт, бозпурсии мӯшикофонаи ин се тоҷики боздоштшуда дар улусволии Хонобод метавонад парда аз рӯи ин тахминҳо бардорад ва дақиқ кунад, ки теъдоди воқеъии ҷангиёни омада аз он сӯи Омӯ, яъне аз Тоҷикистону Узбакистон, дар суфуфи гурӯҳҳое ки дар саҳафоти шимоли Афғонистон алайҳи давлати кунунӣ дар Кобул меҷанганд, чанд нафар аст?
XS
SM
MD
LG