Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти номаълуми варзишгари Украина дар Тоҷикистон


Матбуоти Русия навиштааст, аз сарнавишти Олег Монсар-машшоқи кӯҳнавард ва устоди варзиши Украина чизе маълум нест. Олеги 49 сола 31-ӯми июл дар Тоҷикистон дар минтақае бо номи Девлохони Ҷанубӣ дар Помир аз қулла сарозер шудааст. Дар давоми 11 -рӯзи гузашта аз сарнавишти ин кӯҳнавард хабаре ба даст наомадааст. Иртибот бо ду нафари дигар аз ҳамроҳони вай низ қатъ шудааст. Дар хабар гуфта мешавад, то замоне, ки ҳамроҳони вай маводи хӯрокӣ доштаанд, ҷустуҷӯро идома додаанд. То ҳол устоди варзиши Украина бедарак аст.

XS
SM
MD
LG