Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили 20-умин солгарди таъсиси ҲДТ


Ҳизби демократии Тоҷикистон 20–умин солгарди таъсиси худро субҳи рӯзи сешанбеи 10-уми август бо баргузории як конфаронс дар китобхонаи марказии Хуҷанд таҷлил кард.

Бунёдгузорон ва собиқадорони демократ баён доштанд, ки наҳзати демократӣ дар Тоҷикистон дар давоми ду даҳсола беасар нарафта, дар зеҳну қалби теъдоде аз мардуми тоҷик барномаву ақидаҳо ва роҳу равиши демократиро нақш кардааст.

Ин ҳизби овозадор ду даҳсола пеш, дар ҳамин рӯз дар Душанбе - пойтахт таъсис ва 21 августи соли 1990 чун нахустин ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон расман сабти ном ёфт ва бо ҳазорон аъзо ва ҷонибдорон рӯи саҳнаи сиёсӣ дар муқобили ҳизби коммунистӣ қарор гирифт. Аммо демократҳои тоҷик 20 – умин солгарди таъсиси худро дар Хуҷанд дар ҳоле истиқбол карданд, ки шуҳрати собиқ ва теъдоде аз аъзои худро аз даст дода, гирифтори ихтилоф ва кашмакашҳои дохилист ва нақшаш дар саҳнаи сиёсии кишвар камранг ба назар мерасад.

Раҳматулло Валиев: «Ҳизби демократ бори гароне бар дӯш дорад»

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров
Дар конфаронси бахшида ба 20 – умин солгарди ҳизби демократӣ танҳо гурӯҳе хурд аз раҳбарону бунёдгузорон, собиқадорону аъзои фаъоли ҳизби мазкур, намояндагон аз бархе ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомот иштирок доштанд. Раҳматулло Валиев – аз бунёдгузорони ҳизби демократӣ ва яке аз лидерони имрӯзаи он гуфт:

«Ҳизби демократии Тоҷикистон чӣ қадар бори гаронеро бар дӯш гирифта, то ба имрӯз расид. Демократҳои тоҷик бархе аз фарзандони беҳтарини худро аз даст доданд. Ба он хотир ки имрӯз халқи тоҷик зиндагии сазоворе дошта бошад.»

Ҷаноби Валиев барнома ва ҳадафҳои аслии ҳизби демократиро дар шароити имрӯзии Тоҷикистон баланд бурдани сатҳи зиндагии мардум, воқеан ҷудо намудани се шохаи ҳокимияти давлатӣ ва паст кардани сатҳи фасод дар кишвар номид.

Нақши камранги демократҳо


Аммо ба назар мерасад, ҳизби демократии Тоҷикистон дар солҳои ахир пойбанди ихтилофот ва кашмакашҳои дохилӣ гашта, аз сарҷамъии аъзо ва ҷонибдорони худ оҷиз омада, дар пиёда кардани ин барномаҳои худ саҳми муассир надоштааст.
Дар интихоботҳои гузаштаи раисҷумҳур ва парлумонӣ демократҳо, дар мисоли вилояти Суғд ягон номзади худро барои ишғоли мақоми президентӣ ё курсии парлумонӣ пешбарӣ накарданд.

Абдулҳаким Шарифов – раҳбари бахши идеологии ҳукумати Суғд фаъолияти назарраси демократҳои ин минтақаро иштироки фаъолона дар шӯрои ҷамъиятии ҳизбҳои сиёсӣ ҳамроҳи ҳукумат номид. Вай афзуд, дар нишастҳо демократҳо муҳимтарин мавзӯъҳои доғи рӯз, мисли роҳҳои бурунрафт аз буҳрони молии ҷаҳонӣ, расидан ба истиқдолияти энергетикро матраҳ ва пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа мекарданд.

Парокандагӣ - як омили заъф

Ихтилофҳои дохилии ҳизби демократӣ пас аз зиндонӣ шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров – раҳбари ҳизби демократии Тоҷикистон дар соли 1999 барои 23 сол аз сӯи Додгоҳи олӣ маншаъ мегирад. Қисмати умдаи демократҳои тоҷик имрӯз ҳам ӯро раҳбари худ эътироф мекунанд, аммо қисмате ҳам канор рафта, Масъуд Собировро ба раҳбарӣ баргузидаанд ва вазорати адлия низ имрӯз ӯро ба ҳайси раҳбари ҳизби демократии Тоҷикистон мешиносад. Зимнан, дар нишасти Хуҷанд вай ширкат надошт.

Даврон Каримов, аз ҷонибдорони бахши сабтиномшудаи Собиров, гуфт: «Сари баҳс миёни демократҳо ҳамин ки мехостем ба ҷойи М. Искандаров, ки маҳбусанд, як раҳбари нав интихоб карда корро пеш барем. Аммо нашуд.»

Талошу кашмакашҳои дохилӣ ва ба чанд пора ҷудо шудани раҳбарият ва аъзои он як омили аслиест, ки фаъолияти ҳизби демократиро ба заъф расонидааст.

Аммо собиқадорони ҳизб аз даст рафтани мавқеъи ҳизби демократӣ ва костани алоқамандии сокинон бар онро чӣ гуна шарҳ медиҳанд ?
Абдураҳим Тоҷибоев – узви ҳизби демократӣ аз замони таъсис, омили дигареро зикр мекунад, ки ҳизбашро аз саҳнаи сиёсии кишвар канор мебарорад: «Мутаассифона, дар ҳама самт, масалан – маъракаҳои интихоботӣ роҳ ба онҳое боз аст, ки узви ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ, аъзои ҳукумат ва ё наздик ба он мебошанд. Барои аъзои ҳизбҳои дигар душвориҳо зиёд аст. Агар содда карда гӯем, роҳ намедиҳанд.»

Барномаи демократҳоро ҳизби халқии демократӣ аз худ кард?

Аммо як собиқадори дигари ҳизби демократӣ аз ноҳияи Зафаробод бо номи Ҷӯрабой гуфт, бисёр нуктаҳои аслӣ ва муҳими барномаҳои ҳизби демократӣ, ки дар ибтидои солҳои навади асри гузашта алоқамандӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардумро ба ин ҳизб ба бор меовард, имрӯз дар барномаи ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ низ ҷой ёфта, онҳоро давлат амалӣ мекунад. Вай афзуд, чанд демократи фаъол ва соҳибихтисос ба ҳукумати маҳаллӣ ба вазифа баргузида шуданд.

Демократи имрӯзаи тоҷик кист?

Аммо бо ин вуҷуд бунёдгузорон ва собиқадорони ҳизби демократӣ дар нишасти Хуҷанд баён доштанд, ки наҳзати демократӣ дар Тоҷикистон дар давоми ду даҳсола беасар нарафта, дар зеҳну қалби теъдоде аз мардуми тоҷик барномаву ақидаҳо ва роҳу равиши демократиро нақш кардааст. Раҳматулло Валиев – аз бунёдгузорони ҳизби мазкур: «Ман фикр мекунам, касе, ки бохирад аст, зиндагии худро обод мекунад, даст ба фасод намезанад, доим аз паси илму фарҳанг аст, ӯ ҳарчанд шиносномаи демократӣ надорад, тафаккури демократӣ дорад.»

Ба ақидаи Р. Валиев, ин гуна афрод дар ҷомеаи имрӯзии Тоҷикистон кам нестанд. Чизе, ки ба дигарбора фаъол шудани ҳизби демократӣ умедвор мекунад.
XS
SM
MD
LG