Бо сармоягузории 10 миллион долларӣ Иёлоти Муттаҳида тирамоҳи имсол тамрингоҳеро барои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон омода хоҳад кард. Дар ин бора Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон, хабар дода, овозаҳоро, ки бо ин тарҳ Амрико мехоҳад, соҳиби пойгоҳи худ дар Тоҷикистон шавад, рад кард ва гуфт, ин марказ танҳо барои тамрини низомиёни Тоҷикистон сохта ва дар ихтиёри мақомоти Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Сухан аз собиқ тамрингоҳи низомӣ дар минтақаи Қаратоғ, 45-километрии ғарби Душанбе меравад, ки қарор аст, ба сатҳи меъёрҳои имрӯза бозсозӣ шавад.