Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста шудани зиёда аз 1000 масҷид дар Марокаш


Вазири дини Марокаш имрӯз гуфт, бо мақсдаи пешгирӣ аз такрори фурӯафтии манораи масҷид, ки дар моҳи феврал сабаби ҳалокати 41 нафар гардид, зиёда аз 1000 масҷиди кишвар мебандад. Тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки намояндагони вазорат зиёда аз 19 000 масҷиди мамлакатро тафтиш ва дар бораи дараҷаи амнияти онҳо гузориш доданд. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, беш аз ними масҷидҳое, ки фаъолияти онҳо қатъ мешавад, ба тармим ниёз доранд ва ҳам 500 масҷид бояд комилан аз нав сохта шаванд.
XS
SM
MD
LG