Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад аз доллари Амрико ва евро даст кашад


Як мақоми аршади ҳукумати Эрон гуфтааст, Ҷумҳурии Исломӣ дар посух ба таҳримҳои байнулмилалӣ фурӯши колои худро бо доллари амрикоӣ ва евро қатъ мекунад. Ноиб-президенти Эрон, Муҳаммадризо Раҳимӣ гуфтааст, доллар ва евро ифлос буда, бо риёли эронӣ иваз мешаванд ва ҳамчунин бо пули милли ҳамаи кишварҳое, ки Эрон бо онҳо тиҷорат мекунад. Пеш аз Раҳимӣ, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, дар мулоқоти сарони се кишвар -- Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки додугирифт дар байни онҳо бо пули миллии ин кишварҳо ҷараён ёбад. Раҳимӣ ҳамчунин гуфт, Эрон хариди коло аз Аврупоро маҳдуд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG