Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хариди пахтаи Узбакистон ва Тоҷикистонро афзоиш дод


Русия ворид кардани пахтаро аз кишварҳои дур коҳиш дода, хариди пахта аз ҷамоҳири шӯравии пешинро бештар кардааст. Бино бар гузориши ҳукумати Русия, дар 7 моҳи соли равон вуруди пахта аз кишварҳои хориҷаи дур наздик ба 14 дарсад камтар шуда, ба ҳамин андоза хариди пахта аз Узбакистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон афзоиш ёфтааст. Ба ин тариқ хариди пахтаи Тоҷикистон аз тарафи Русия аз 12 дарсади соли гузашта ба 20 дарсад расидааст. Аммо Узбакистон акнун ба содиркунандаи асосии пахта ба Русия табдил шуда, тақрибан ними ин бозорро ба даст гирифтааст.
XS
SM
MD
LG