Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи азон бо баландгӯ дар Панҷакент


Муродқул Шукуров, намояндаи кумитаи дини назди ҳукумати шаҳри Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз имрӯз хондани азон аз тариқи баландгӯ дар ҳамаи масҷидҳои ин шаҳр манъ карда шуд.

Зеро ба қавли ӯ, бонги азон аз тариқи баландгӯякҳо дар як вақт баланд нашуда, пасопеш ва номунззам хонда мешавад, ки мардумро дар ҳолати нофаҳмӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ беҳтараст, ки азон бидуни баландгӯякҳо хонда шавад. Ва мардум мувофиқи ҷадвалу вақти аз пеш мушахасшуда намозгузорӣ кунанд.



Ин дастури кумитаи дини назди ҳукумати шаҳри Панҷакент дар ҳоле интишор шуд, ки мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакент субҳи барвақти чаҳоршанбе ба нияти доштани рӯза мехезанд.

Саидмурод Раҳимқулов, як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки хондани азон аз баландгуӯякҳо имкон медод, ки мардум дар гӯшаҳои наздику дур дақиқан аз кушудани рӯза дар шом огоҳ шаванд. Ҳоло дақиқан маълум нест, ки дар кадом дақиқаву сония субҳонаро оғоз кард.

Оё ин дастур танҳо марбут ба шаҳри Панҷкент аст ё ба тамоми Тоҷикистон таалуқ дорад? Намояндаи Кумитаи дини ин шаҳр посухи рӯшан надодааст.

Ҳамчунин намояндагии Кумитаи дини шаҳри Панҷакент намозгузории хурдсолон ва талабаҳои мактабро ҳам дар масҷидҳо манъ намуд.

Чунин ҳолат чор сол қабл дар пойтахт шаҳри Душанбе рух дода буд. Он замон мақомоти расмӣ монеъи гуфтани азон аз тариқи баландгӯҳо шуда буданд.Тайи чанд соли ахир дар масоҷиди шаҳри Душанбе низ азонро аз тариқи баладгӯякҳо намехонанд, зеро ба гуфтаи руҳониён мақомот аз онҳо хоста буданд, ки ин корро накунанд.

Ҳоло ҳам, танҳо барои даъвати эътиқодмандон ба намози ҷумъа аз баландгӯ истифода мешавад, на дар рӯзҳои дигар.

Як сол қабл аз ин тасмими шаҳрдори пойтахт, мақомоти шаҳри Хуҷанд дар устони Суғд ҳамчунин тасмими мушобеҳро гирифта буданд. Он замон ба гуфтаи як корманди идораи дини шаҳрдории Хуҷанд , ин иқдом аз ҷониби ҳукумат дар пайи дархости иддае аз сокинони маркази устони Суғд барои таъмини оромиши хотири онҳо гирифта шуда буд.

Ин тасмими шаҳрдории Хуҷанд он вақт сабаби нороҳатии иддае аз намозгузорон шуда буд.
XS
SM
MD
LG