Ин вулусволӣ зери контроли Толибон аст. Абдулҷаббор Солеҳ гуфт, ин зани 40 сола бо номи Санавбар 3 рӯз дар зиндон нигоҳ дошта шудааст. Сипас мулло Муҳаммад Юсуф, фармондеҳи Толибон, Санавбарро ба қатл маҳкум карда ва худаш аз туфангча ба сари вай тир холӣ кардааст.
Бино бар баёнияи неруҳои эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон занеро, ки аз рӯи иддао ҳомиладор буд, қабл аз паррондан 200 шаллоқ низ задаанд.
Симо Самар, раҳбари комиссияи мустақили Афғонистон оид ба ҳуқуқи инсон ба радиёи Афғонистони озод гуфт:
“Ин нақзи ошкорои ҳууқуқи инсон аст. Ҳатто агар вай дар ҳақиқат зино карда бошад ҳам, вайро бояд ба додгоҳ меоварданд. Мо додгоҳҳо дорем ва мо метавонистем ӯро мувофиқи қонун муҳоқима кунем. Ҳар кас қозӣ шуда наметавонад. Фармондеҳ наметавонад нақши додгустарро иҷро кунад”.
"Ин кори дасти мо нест"
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммад Юсуф сухангӯи Толибон гуфт, ки ҷумбиш ба анҷоми муҷозот дар Қодис рабте надорад.
Ӯ гуфт: “Ин кори зишт аст ва мо онро инкор мекунем. Касе ки ин корро анҷом додааст, ӯ узви Толибон нест ва мехоҳад моро бадном кунад”.
Абдуулҷаббор Солеҳ, раҳбари полиси вилояти Бодғис ба хабарнигорон иттило дод, марде, ки бо ин зан робитаҳои ҷинсӣ дошт, фирор кардааст.
Толибон ва ҳукумат кӯшиш доранд миёни мардуми Афғонистон маъракаҳои ташвиқотӣ анҷом дода, ҳимояти аҳолиро касб намоянд.
Ҳарду ҷониб якдигарро дар бадкорӣ ва бераҳмӣ муттаҳам мекунанд.
Дуввумин қатли зан аз соли 2001 то кунун
Замони ҳукуматдории Толибон солҳои 1996 то 2001 гунаҳкоронро ба зинокорӣ дар назди омма сангсор мекарданд ё шаллоқ мезаданд.
Моҳи гузашта маҷалаи «Таймс» дар муқовааш акси зани афғони бебинниро ҷойгир карда буд. Ин зан гуфтаааст, ки биниашро толибон барои аз назди шавҳараш фирор карданаш, буридаанд. Толибон ин иттиҳомро рад намуданд.
Агар иттиҳом дар қатли зан дар Боғис тасдиқ шавад, аз замони сарнагун шудани режими Толибон дар 9 соли қабл, ин дуввмин бор хоҳад шуд, ки толибон занеро ба қатл мерасонанд.
Қаблан Толибон як занро бо иттиҳом дар ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои Ғарб кушта буданд.