Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Қирғизистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистон


Як гурӯҳ хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон, имсол барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон дохил шуданд.

Ба гуфтаи Асомиддин Саидов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон, ин анъанаи нек соли гузашта роҳандозӣ шуд ва акунун идома дорад.

Анъанаи нек

Асомиддин Саидов афзуд, ки як сол пеш 19 хатмкунандаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои тиб, иқтисод ва омӯзгории Тоҷикистон дохил шуданд ва таҳсилро идома медиҳанд.

Ба таъкиди оқои Саидов, таҳким ёфтани робитаҳои фарҳангии миёни кишвараш бо Қирғизистон, дар ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтани фориғуттаҳсилони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон мусоидат намуд.

Мухторҷон Дадаев, ноиби аввали раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки имсол Тоҷикистон барои хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии онҳо 45 ҷой ҷудо кардааст.

Вай гуфт, ки шумораи умумии довталабон хеле зиёд аст. Ба гуфтаи ноиби аввали раиси иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон, дар марҳалаи аввали имтиҳони қабул, ки дар донишгоҳи давлатии шаҳраки Қизилқиёи вилояти Ботканд сурат гирифт, як гурӯҳи онҳо ҳаққи таҳсил дар донигоҳҳои мухталифи Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Вай афзуд: «Дар ҳамин ҳол 27 нафар довталабон ба донишгоҳҳои тиб, иқтисод, политехник, аграрӣ ва омӯзгории шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд дохил шуданд».

Сафорат шароит фароҳам меорад


Ба таъкиди Мухторҷон Дадаев, хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии кишвараш ба далели ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон, ки солҳои навадуми қарни гузашта ба вуқӯъ пайваст, иҷборан аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар даст кашиданд:

«Ин раванд то соли 2009 давом кард. Аммо бо саъй ва эҳтимоми сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ ва дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ба донишгоҳҳои олии Тоҷикистон фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии кишвари мо дубора ба роҳ монда шуд».

Авринисо Юлдошева, омӯзгори мактаби миёнаи тоҷикии шаҳраки Ҳайдаркон, воқеъ дар вилояти Ботканд, бо ифтихор изҳор кард, ки соли гузашта се шогирди мактаби онҳо ба донишгоҳҳои омӯзгории шаҳри Душанбеву Хуҷанд дохил шуданд. Вай мегӯяд, ки имсол низ ду нафар бо квотаи президентии Тоҷикистон донишҷӯ шуданд.

Ба гуфтаи Авринисо Юлдошева, боз ду хатмкунандаи мактаби миёнаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои тиб ва иқтисоди Тоҷикистон довталаб мебошанд.

Давраи дуюми имтиҳони қабул барои донишгоҳҳои Тоҷикистон 16 август баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG