Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар ин паёми худ ба муносибати моҳи шрифи Рамазон гуфтааст: "Ҳамватанони азизи мо аз вазъи имрўзаи иқтисодии ҷаҳон хуб огоҳанд. Дар чунин шароит мо набояд ба исрофкорӣ роҳ диҳем ва бо истифода аз суннатҳои неки аҷдодиамон – сарфаю сариштакорӣ ва маданияти баланди заминдорӣ барои аз як замин рўёнидани ду-се ҳосил ва захираи ҳатмии дусолаи маҳсулоти асосии ғизоӣ, пеш аз ҳама гандум барои ҳар як оила кўшиш намоем".
Гузашта аз ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз болоравии ба шиддати нархи маҳсулоти ғизоӣ дар остонаи моҳи Рамазон ёдовар шуда ва онро як амали номатбул унвон кардааст.
Ӯ гуфтааст, бархе тоҷирону соҳибкорон барои ба даст овардани фоида ҳатто дар моҳи Рамазон маҳсулотро бо нархҳои аз пештара қиматтар ба бозор мебароранд.
Оқои Раҳмон дар ин бора гуфтааст: "Ин қабил одамонро дини мубини Ислом мўҳтакир меҳисобад. Пайғамбари ислом фармудаанд, ки Худованд мўҳтакирро лаънат кардааст. Ба қавли Паёмбари гиромӣ мўҳтакир инсони бисёр бад аст. Зеро чунин шахс, агар бишнавад, ки неъмат фаровон аст, нороҳат мешавад ва агар бишнавад, ки камбуд вуҷуд дорад ва нарху наво боло рафтааст, шод мегардад".
Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфтааст, ки дар натиҷаи иҷрои Қонуни танзими расму анъанаҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардида, дастгирии ятимону бепарасторон, эҳтиёҷмандону дармондагон бештар шудааст.
Нархи бозор боло намеравад?
Ин суханони раиси ҷумҳур дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш шаҳрдори Душанбе низ ваъда супурда буд, ки талош мекунад, то моҳи Рамазон аз болоравии маводи ғизоб ҷилавгирӣ шавад.
Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар остонаи моҳи Рамазон, ки рӯзи 11 август шурӯъ хоҳад шуд, бо тоҷирони бозорҳои пойтахт мулоқоте анҷом дода, дар ивази имтиёзҳое, чун озод кардани бозорнишинон аз пардохти чеки ҳаррӯзаи бозор ва манъи бозрасиҳои ниҳодҳои назоратӣ аз онҳо хостааст, то дар тӯли ин моҳи барои мусалмонон шариф, қиматҳоро пойин баранд.
Оқои Убайдуллоев аз ҷумла хостори аз 21 то 18 сомонӣ коҳиш додани қимати ҳар килои гӯшт ва аз 120 то ба 90 сомонӣ фаровардани нархи ҳар халтаи орд шудааст.
Аммо дар гузаштаҳо низ мақомот ҳамеша талош кардаанд, ки болоравии қимматҳо дар остонаи Рамазон пешгирӣ кунанд, вале ин иқдом натиҷаи чандоне ба бор намеовард.
Аммо акнун имтиёз додани шаҳрдории Душанбе ба тоҷирон, ба гуфтаи коршиносон, имкон дорад дар Рамазони имсол аз болоравии қиматҳо андаке ҷилавгирӣ кунад. Аммо боз ҳам вақт нишон хоҳад дод.