Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Индонезия боздошти муллои тундравро шарҳ дод


Пулиси Индонезия мегӯяд, Абӯбакр Башир, як муллои тундрави ин кишварро бо иттиҳоми даст доштан ба фаъолиятҳои террористӣ боздошт кардаанд. Ба гуфтаи вакили дифоъаш, Абӯбакр Баширро дар ноҳияи Сиамис бо иттиҳоми иртибот бо як гурӯҳи нави террористӣ дар вилояти Ачеҳ дар ғарби Индонезия дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ машғули тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла қатли Сусило Бамбанг Юдҳойона, раиси ҷумҳури Индонезия будааст. Эдвард Аритонанг як сухангӯи пулиси ин кишвар мегӯяд: "Ӯ фаъолиятҳои низомӣ дар Ачеҳро сармоягузорӣ ва ҳидоят мекард ва ӯ доир ба тамоми тарҳову омодагириҳо дар Ачеҳ хабар дошт." Абӯбакр Баширро соли 2004 бо гуноҳи даст доштан дар бомбгузориҳои хунини соли 2002 дар ҷазираи Балӣ ба ду соли зиндон маҳкум карданд, ки дар он бомбгузорӣ 2002 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG