Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, аз Абхозистон ҳимоят мекунад


Дирӯз ҳукумати Гурҷистон аз боздиди ғайримунтазираи Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Абхозистон интиқод кард. Темур Якобашвилӣ-муовини нахуствазир гуфт, боздиди рӯзи якшанбеи Медведев аз минтақа, ки дар ҷараёни он вай бо Сергей Багапш- раҳбари шӯришиён мулоқот кард, бад-он маъност, ки таваҷҷуҳро аз мушкилиҳои Русия, аз қабили сӯхтори ҷангалҳо ва гармои тоқатфарсо мунҳариф созад. Боздиди Медведев дар рӯзи дуввумин солгарди ҷанги мухтасари Русияву Гурҷистон анҷом гирифт. Соли 2008 шаби 7-ӯм ба 8-ӯми август нируҳои Гурҷистон ба вилояти ҷудоихоҳи Асетияи Ҷанубӣ ҳамлаи тупхона анҷом доданд. 8-ӯми август доманаи ҷанг густардатар шуд, зеро Русия нируҳои зиреҳдори худро вориди Асетияи Ҷанубӣ кард. Дар зарфи як ҳафта нируҳои Русия нируҳои Гурҷистонро хориҷ карданд. Баъдтар Русия эълон кард, ки истиқлоли Асетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият мешиносад.
XS
SM
MD
LG