Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси ҳуввияти аксари қурбониёни ҳамла дар Бадахшон


Мақомоти Афғонистон ташхиси муқаддамотии ҳуввияти 10 нафари кушташуда дар вилояти Бадахшон, бо шумули 8 хориҷӣ ва 2 афғонро анҷом додаанд. Раҳбари пулиси Бадахшон Оқонур Кинтоз гуфт, 6 тани онҳо амрикоиву яке аз Олмон буда, ҳуввияти як тани дигари ҳанӯз ташхис нашудааст. Ду афғони кушташуда тарҷумони ин гурӯҳ буда, афғони севвуме, ки низ ҳамроҳи онҳо буд, ҷон ба саломат бурдааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба расонаҳои ғарбӣ гуфтааст, ки ҷангиёни толиб 9 хориҷӣ ва 1 тарҷумони маҳаллии онҳоро бо ҷурми ҷосусӣ барои нирӯҳои НАТО ва таблиғи масеҳият қатл кардаанд.
XS
SM
MD
LG