Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе даъвои сафорати Тошкандро радд мекунад


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон баёнияи ахири сафорати Узбакистонро радд карда, мегӯяд, боздошти вагонҳои марбут ба Душанбе дар ин ҳамсоякишвар ҳамчунон идома дорад. Сафорати Узбакистон ахиран дар як изҳорот мансабдорон ва бархе расонаҳои Тоҷикистонро ба нашри баёнияҳои ғайримусаннад ва иттиҳомоти бардурӯғ алайҳи Узбакистон дар робита ба қазияи вагонҳо айбдор кард. Аммо Баҳодур Мирзоназаров, як масъули ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, ҷониби Тошканд бидуни кадом ташреҳ дигарбора ба боздошти вагонҳои роҳии Тоҷикистон шурӯъ кардааст.
Сафорати Узбакистон аммо мегӯяд, мушкили пешомада дар масири Тирмиз-Амӯзанг аз ҳисоби масирҳои дигар ҷуброн мешуд ва барои мисол, дар моҳи май транзити вагонҳо ба Тоҷикистон ҳатто 2,7 дарсад афзудааст.
Мақомоти Душанбе аз моҳи феврал ба ин сӯ ҷониби Узбакистонро дар мониагузорӣ дар роҳи транзити вагонҳои ҳомили молу коло барои Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.
Душанбе ба манзури ҳалли ин мушкил ҳатто аз СММ ва САҲА хостори миёнҷигӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG