Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати боз 2 милиса дар Қафқози шимолӣ


Дар ҳамлаҳои ҷудогона дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия ду афсари дигари пулис кушта ва 6 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли мақомоти маҳаллӣ хабар дод, ки афроди мусаллаҳ бо мусалсалҳо ду ходими милисаро дар шаҳри Баксани ҷумҳурии Кабардаву Балқар ба ҳалокат расондаанд. Ду моҳ пеш нирӯгоҳи Баксан низ ҳадафи ҳамлаи чирикиҳо қарор гирифта буд.
Дар ҳамин ҳол, дар ҷумҳурии Доғистон ҳамлаи дастикам 10 силоҳбадаст ба як ҳаъйати дидбонии милиса 6 ходими интизомиро захмӣ ба ҷо гузошт.
XS
SM
MD
LG