Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Иди асал дар Душанбе


Имрӯз дар Боғи Дӯсти Халқҳои шаҳри Душанбе “Иди асал-2010” таҷлил шуд. Дар чаҳорчӯби ин тантанаҳо сабқати беҳтарин асалпарварони Тоҷикистон баргузор шуда, асолати асалҳои ба ин озмун пешниҳодшударо коршиносони идораи давлатии “Тоҷикстандарт” арзёбӣ кардаанд.
Хабаргузории “Азия Плюс” менависад, тайи 4 соли охир тавлиди асал дар Тоҷикистон қариб 4 маротиба афзуда, ба 2700 тонна дар сол расидаст ва феълан дар кишвар қариб 50 000 хонаводаи замбӯри асал парвариш мешавад.
XS
SM
MD
LG