Ҳамоиши “Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” рӯзи 7-уми август дар шаҳри Тошканд бо ширкати вазирони хориҷаи панҷ кишвари минтақа ва Ҷопон баргузор хоҳад шуд.
Дар ин ҳамоиш масоили равобити иқтисодӣ миёни Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва тундгароии мазҳабӣ, мушкили баҳри Арал ва ҳамкориҳо барои барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон баррасӣ шавад.
Ин ҳамоиш пас аз силсиласафарҳои вазири хориҷаи Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ибтикори Токио баргузор мешавад.
Интизор меравад дар ҳошияи ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои узбакаш Владимир Норов дидор ва гуфтугӯ кунад. Ин мулоқот дар шароите анҷом мегирад, ки муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон марҳалаи душвори худро аз сар мегузаронад.
Аз баҳори соли ҷорӣ то ба ҳол Узбаистон дар қаламрави худ ба ҳар баҳона қаторҳои борҳои Тоҷикистонро нигоҳ медорад. Имкон дорад дар мулоқоти ҳар ду вазир ин масъала низ баррасӣ шавад.