Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ дар Тошканд бо Владимир Норов мулоқот мекунад


Имрӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар мулоқоте зери унвони "Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" ба Тошканд сафар кард. Қарор аст вай ҳамчунин бо Владимир Норов-вазири хориҷаи Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кунад. Ин боздид дар шароите анҷом мегирад, ки муносиботи миёни Тоҷикистону Узбакистон марҳалаи душвори худро аз сар мегузаронад. Аз баҳори соли ҷорӣ то ба ҳол Узбаистон дар қаламрави худ ба ҳар баҳона қаторҳои борҳои Тоҷикистонро нигоҳ медорад. Имкон дорад дар мулоқоти ҳар ду вазир ин масъала низ баррасӣ шавад. Нигоҳ доштани ин қаторҳо ба Тоҷикистон зарари моливу иқтисодӣ овардааст.
XS
SM
MD
LG