Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаҳо дар бораи поин бурдани нархҳо дар Рамазон


Бино ба гузориши хабаргузории "Авеста", соҳибкорони шаҳри Душанбе ташаббус нишон додаанд, ки дар давоми моҳи Рамазон нархи хӯрокиро дар бозорҳои пойтахт 20 дарсад поин мебаранд. Ин масъала дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ бо ширкати соҳибкорон баррасӣ шудааст. Соҳибкорон қавл додаанд, ки нархи як кило гӯштро то ба 18 сомонӣ ва нархи як халта ордро то ба 90 сомонӣ поин меоранд. Ба гуфтаи онҳо, нархи хӯрданиҳои дигар низ поин меравад. Шаҳрдорӣ аз ҷониби худ гуфтааст, дар давоми моҳи Рамазон соҳибкороне, ки бо таъмини фаровардаҳои кишоварзӣ машғул хоҳанд буд, 50 дарсад камтар андоз месупоранд. Рамазон 11-ӯми август шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG