Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои вазири маориф ба суолҳои хонандагон


Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон
Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, дар сӯҳбати он-лайни торнамои Радиои Озодӣ, ки имрӯз баргузор шуд, ба суолҳои хонандагон посух дод. Ин гуфтугӯ бо шумори зиёди ширкаткунандагон бесобиқа буд ва беш аз сад хонанда суолҳои худро ба вазир ирсол карданд.

Бештари суолҳо ба масъалаи манъи рӯсарӣ дар макотиби Тоҷикистон рабт дошт. Вазири маориф дар посух ба ин суолҳо гуфт, ки дастурамали либоси мактабӣ муддати як сол аз сӯи мутахассисон ва кормандони соҳа баррасӣ гардида, бо назардошти арзишҳои миллӣ қабул шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дастурамали либоси ягонаи мактабӣ баробарии муҳассилинро таъмин мекунад ва на танҳо сатр, балки либосҳои нимбараҳна ва зебу зинати зиёдро низ манъ кардааст.

Гуфтугӯи мустақим бо Абдуҷаббор Раҳмонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:42 0:00


Мавзӯи дигаре, ки дар сӯҳбати онлайн бештар матраҳ шуд, масъалаи фасоду ришватситонӣ дар донишгоҳҳои кишвар буд. Абдуҷаббор Раҳмонов вуҷуди ришватситонӣ дар макотиби олиро рад накард, вале дар ин кор бештар донишҷӯёнро айбдор хонд.

Вай гуфт, “додани ришва ба устодон аз шогирдони танбали бесаводе, ки роҳи осони безаҳматро меҷӯянд, вобастагӣ дорад”.

Тафсилоти гуфтугӯи мустақим бо вазири маорифро дар ин саҳифа бихонед.
XS
SM
MD
LG