Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи ҳалокати ғайринизомиён дар Ҳилманд идома дорад


Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, парвандаи ҳалокати 39 зану кӯдакро, ки дар ҳамлаи мушакии нерӯҳои НАТО кушта шудаанд, таҳқиқ мекунад. Пештар ин шумора 56 нафар унвон мешуд. Ҳарбиёни НАТО низ гуфтаанд, ин итиҳомро, ки гӯё аз зарбаи мушакии нерӯҳои НАТО дар вилояти Ҳилманд гурӯҳе аз занону атфол, кидар як хона паноҳ бурда буданд, кушта шудаанд, пажӯҳиш мекунанд. Сухангӯи НАТО гуфт, дар амалиёте дар Ҳилманд 6 нафар кушта шудаанд, ки аксарияти онҳо аз ошӯбгарон буданд. Рӯзи якшанбе зимни хабари ҳалокати афроди ғайринизомӣ дар Ҳилманд дар Кобул як тазоҳурот баргузор гашт.
XS
SM
MD
LG