Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз равобиташ бо Эрон ҳимоят кард


Дар посух ба даъвати намояндаи аршади Амрико, ки аз Чин риояи таҳримҳои алайҳи Эронро хост, Пекин аз равобити иқтисодӣ ва тиҷоратияш бо Эрон ҳимоят кард. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Чин гуфта шуд, тиҷорати Чин бо Эрон як табодулаи кории муқаррарист ва Пекин ҳамеша ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал арҷ гузоштааст. Рӯзи душанбе, Роберт Эйнҳом, мушовири вижаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар масъалаҳои адами густариши силоҳи ҳастаӣ, гуфт, Чин бояд аз таҳримҳои байнулмилалии зидди Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба таври комил пуштибонӣ кунад. Моҳ июн Шӯрои Амнияти Созмони Милал бастаи чорум ва сангини таҳримҳо зидди барномаи ҳастаии Эронро ба тасвиб расонд.
XS
SM
MD
LG