Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаб-интернат ба номи Иброҳим Ҳасанов номгузорӣ шуд


Иброҳим Ҳасанов, варзишгари маъруф ва мураббии машҳури тоҷик
Иброҳим Ҳасанов, варзишгари маъруф ва мураббии машҳури тоҷик

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ» ба номи Иброҳим Ҳасанов, варзишгари маъруф ва мураббии машҳури тоҷик, номгузорӣ шуд.

Иброҳим Ҳасанов, мураббии саршиноси тоҷик, ки таи даҳ соли ахир тими мунтахаби қаиқронии Эронро машқ медод, 2-юми марти соли 2010 бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 73- солагӣ дар Теҳрон оламро падруд гуфта буд ва ҷасади ӯ ба Душанбе эъзом шуда, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуда буд.

Камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова, раиси Созмони олимпичиёни Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба номи Иброҳим Ҳасанов номгузорӣ шудани Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ кори хайрест барои ҷовид нигоҳ доштани номи ин фарзанди фарзонаи тоҷик. Бояд тазаккур дод, Иброҳим Ҳасанов аввалин олимпичии тоҷик буд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР оид ба қаиқронӣ дар байдарка дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1960 дар Рим ва соли 1964 дар Токио ҳунарнамоӣ кардааст. Вай барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаиқронии ҷаҳонӣ ва аврупоӣ буд. Устод Иброҳим Ҳасанов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, мураббии барҷастаи Тоҷикистон дар асри ХХ эътироф гаштааст. Аз ҷумлаи шогирдонаш Юрий Лобанов, қаҳрамон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, қаҳрамони 8-каратаи ҷаҳон, ва бародараш Михаил қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон мебошанд».

Хонум Зебуннисо афзуд, профессор Иброҳим Ҳасанов солҳои 1984-85 раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, солҳои 1985-91 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ ва аввалин раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар буд.
Вале сарфи назар аз мавқеъ, обрӯ ва мартабаи иҷтимоие, ки дошт, - мегӯяд Зебуннисо Рустамова, - Иброҳим Ҳасанов ҳамеша хоксору фурӯтан ва шахси ҳалиму ғамхор буд.
XS
SM
MD
LG