Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрону Афғонистон


Қарор аст, имрӯз дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи раисони ҷумҳури Эрону Тоҷикистону Афғонистон баргузор шавад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай тақвияти ҳамкориҳои се кишвари форсизабон дар бахши иқтисоду тиҷорат, энержӣ ва мухобирот баррасӣ шавад. Хабаргузории расмии “Ховар” навиштааст, ки иҷрои барномаҳои иқтисодию сармоягузорӣ, бахусус сохтмони роҳи оҳан, ки се кишваро бо Чин мепайвандад, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон низ мавзӯъи баҳсе сарони се кишвар будааст, ки моҳи марти соли равон низ дар Теҳрон ҷамъ омада буданд.
XS
SM
MD
LG