Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории чанд фармондеҳи олирутбаи рус


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, чанде аз мақомоти олирутбаи низомии кишварашро барои нокомӣ дар ҷилавгирӣ аз оташсӯзӣ дар як пойгоҳи низомии баҳрӣ аз мақомҳояшон барканор кард. Оташи ҷангалҳо ин пойгоҳ дар ҳошияи шаҳри Маскавро ба коми худ кашида нобуд кард. Дмитрий Медведев, баъди нишасти изтирорӣ дар мавриди ҷангалсӯзиҳо дар Русия доир ба барканории фармондеҳони нерӯҳои баҳрӣ эълом дод. Шаҳри Маскавро ҳоло дуди ғафси оташе фаро гирифтааст, ки ҷангалзорҳои васеъу рустоҳо ва як пойгоҳи низомиро нобуд кард. Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, дар зарфи 24 соати гузашта 300 манбаъи оташ фӯру нишонда шуд, аммо дар маҳалҳои зиёди дигар ҷангалсӯзиҳо идома доранд.
XS
SM
MD
LG